Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм: аттестатсияи 35 муассисаи таълимӣ идома дорад

Июль 29, 2020 14:20

ДУШАНБЕ, 29.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ шакли муҳими хизматрасонӣ дар раванди баҳодиҳӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ маҳсуб шуда, дар шашмоҳаи аввали соли  равон  тибқи нақшаи корӣ аттестатсияи 35 муассисаи таълимӣ, аз ин 12 муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ, 8 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 11 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 4 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ пешбинӣ  шуда буд. Вале бинобар хуруҷи бемории коронавирус Агентӣ натавонист назоратро дар ин самт амалӣ намояд. Аз ин рӯ дар нақша дорем, ки бо оғоз гардидани соли нави хониш нақшаи кори аттестатсиониро иҷро намоем.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори ин ниҳод Шоҳин Саидзода ба доираи васеи хабарнигорон хабар дод

«Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мақомоти давлатии назоратӣ дар самти аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмўӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ мебошад. Дар ҷумҳурӣ 3884 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ бо фарогирии 2 033 900 нафар хонанда фаъолият менамоянд, ки сол ба сол зиёд гардидани шумораи муассисаҳои таълимӣ сабаби дар самти хизматрасониҳои давлатӣ, аз қабили аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмўӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии давлатии дорои мақоми маҳаллӣ ба миён омадани як зумра мушкилот гардид»,-афзуд номбурда.

Шоҳин Саидзода зикр намуд, ки дар зарфи ним соли фаъолият аз ҷониби Агентӣ барномаҳои аттестатсионӣ ва аккредитатсионӣ, дастурамалҳои вазифавӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии фаъолияти воҳидҳои сохторӣ омода гардид.

«Яке аз самтҳои дигари фаъолияти Агентӣ иҷозатномадиҳӣ маҳсуб ёфта,  вобаста ба ин, дар нимсолаи аввал 20 муроҷиати муассисаҳо ҷиҳати дарёфти иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолият мавриди ташхис қарор дода шуд»,-илова кард директори Агентӣ.

Зикр гардид, ки сохтори Агентӣ аз роҳбарият, 3 раёсат, 2 шуъба, 3 бахш, раёсат ва шуъбаҳои он дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дахлдори ҷумҳурӣ иборат аст. Агентӣ ҳамчун ниҳоди нави назоратӣ дар соҳаи маориф ва илм ҷиҳати амалисозии сиёсати давлат дар ин самт фаъолият намуда, иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илмро дар муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравии онҳо назорат менамояд.

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ сиёсати ягонаи назорати давлатиро дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта, фаъолияти худро дар шашмоҳаи якуми соли равон дар доираи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли равон Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Тибқи банди 2 фармони мазкур Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардида буд, ки дар муддати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори соҳавиро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.  Дар ин давра дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли равон Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Агентӣ тасдиқ карда шуданд.

Июль 29, 2020 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Имсол зиёда аз 120 ҳазор нафар дар осорхонаҳои ҷумҳурӣ бо мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос шуданд
Соли равон зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нахустин маротиба Фестивали либосҳои миллиро баргузор менамояд
Шоҳрух Юнусов аз Тоҷикистон дар консерти ҷамъбастии солистони Академияи байналмилалии операи назди Театри «Остона Опера» ҳунарнамоӣ кард
Дар Москва бахшида ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино ҳамоиш доир мешавад
Дар Душанбе маҳфили адабӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло баргузор шуд
Теъдоди довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сол то сол меафзояд
Дар Тоҷикистон 66 Қасри фарҳанг барои баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолият дорад
«Телевизиони Сафина» соли 2024 силсилабарномаҳои «Достон» ва «Шоҳномахонӣ»-ро пешниҳоди бинандагон мегардонад
Кумитаи телевизион ва радио: «Имсол аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ 163 суруду оҳанг сабт гардид»
Корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматӣ барои кормандони Кумитаи телевизион ва радио оғоз шудааст