АКСИЯИ ТОЗАГӢ. Кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб ба ҳашари умумӣ баромаданд
ДУШАНБЕ, 18.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар доираи «Аксияи тозагӣ»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, роҳбарият ва ҳайати шахсии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва ҷузъу томҳои он дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба ҳашари умумӣ баромаданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти вазорат.
Ба иттилои вазорат, кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар шаҳри Кӯлоб бо истифода аз техникаву таҷҳизотҳои зарурии ёрирасон дохил ва соҳилҳои сойи Тебалайро аз партовҳо ва алафҳои хушку дигар ашёҳои нолозим пурра тоза карда, ин мавзеъро поку озода ва зебою дилкаш намуданд.
Дар баробари ин, бо мақсади пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавируси COVID-19 ва таъмини бехатарии санитарӣ-эпидемиологии аҳолӣ аз эҳтимолияти сироятёбӣ ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он тавассути техникаву таҷҳизоти соҳавӣ кӯчаҳои И. Сомонӣ, Ҷумъа Алӣ, Гулкорон, Хати роҳ, Сангак Сафаров, маҳаллаҳои Шамсиддини Шоҳин, Чармгарон ва ғайраҳои шаҳри Кӯлобро шуста ва тоза намуда, бо маҳлулҳои махсуси кимиёвӣ дар онҳо корҳои безарагардонии зиддиэпидемикӣ анҷом доданд.
АКСҲО аз ВКД ҶТ










Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






