Амалиёти «Тартибот» 25 ҳолати майдаавбоширо ошкор намуд

Июль 8, 2020 16:07

ДУШАНБЕ, 08.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ  дар шаҳри Душанбе  дар давоми як рӯзи баргузории амалиёти шартӣ бо номи «Тартибот» 25 ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва беэҳтиромӣ зоҳир намудан нисбат ба  дигар шаҳрвандонро  дар маконҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби ҷавонони ноогоҳу кутоҳандеш  муайяну ошкор намуданд.  Дар ин бора сардори маркази матбуоти Раёсати мазкур Сироҷиддин Шукуров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар ҷараёни амалиёти мазкур 16 ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаҳо- 2 ҳолат дар ошхона ва 7 ҳолат муноқиша ва хушунати оилавӣ, ки боиси халадор гардидани тартиботи ҷамъиятӣ гардидааст, муайян карда шуд. Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба  9 нафар бо қарори Суд ҷаримабандӣ карда шуда, 8 ҳолати дигар дар баррасӣ қарор дорад. Ҳамзамон нисбат ба  7 нафар вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ,  кирдори майдаавбошонаи онҳо тибқи муқаррароти моддаи 460 (майдаавбошӣ)-Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст ва нисбат ба онҳо  бо қарорҳои дахлдори мақомоти Судӣ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ аз 5 то 15 шабонарӯзӣ татбиқ гардида, ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб карда шудаанд.

Дар доираи иҷрои  талаботи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  аз 4 феврали соли 2020 «Дар бораи ташкили гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва терроризму ифротгароӣ миёни сокинони пойтахт» ҷиҳати баланд бардоштани маърифат ва маданияти ҳуқуқии ҷавонону наврасон ва пеш аз ҳама пешгирӣ аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе аз ҷониби милитсияи пойтахт як қатор амалиётҳои профилактикӣ, рейду санҷиш ва корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

Таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо дар ҷараёни баргузории амалиётҳои профилактикӣ нишон медиҳанд, ки дур мондани баъзе аз ҷавонон аз таҳсили илму дониш, тақлиди куркурона ба фарҳангу маданияти бегона ва худнамоию ҳавобаландии онҳо боиси коста гардидани одобу ахлоқи ин тоифа шаҳрвандон гардидааст, ки дар натиҷа онҳо даст ба содир намудани ҳаргуна амалу кирдори ношоям ва иброз доштани суханони таҳқиромезу дашномҳои қабеҳ мезананд.

Махсусан ҳодисаи нангин он аст, ки баъзе аз ҷавонон нисбати модарону хоҳарон ҳақорату дашном ва суханони носазо гуфта, шаъну шарафи онҳоро дар назди дигар атрофиён паст мезананд. Чунин афрод то дараҷае бетамизию костагии ахлоқи худро намоиш медиҳанд, ки андеша намекунанд ӯ низ аз модар ба дунё омадаву дорои хоҳару бародар мебошад.

Маҳз ба хотири ба эътидол овардани ин вазъ кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар байни ҷавонону наврасон, дар маконҳои ҷамъшавии шаҳрвандон ҷиҳати пешгирии амалу кирдорҳои зиддиқонунӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои профилактикӣ ва рейду амалиётҳои санҷиширо тақвият додаанд.

Мавриди  зикр аст, ки дар ин раванд саҳми шаҳрвандон низ ниҳоят назаррас буда, ба мақомоти милитсияи пойтахт, ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз амалу кирдорҳои номатлуб ҳамкории зичро ба роҳ мондаанд, ки ин ба саривақт гирифтани пеши роҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа мусоидат намудааст.

Июль 8, 2020 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид