Аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барои номивазкунии маҳалҳои аҳолинишин 36 дархост ворид гардидааст
ДУШАНБЕ, 14.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи аввали сол равон 36 дархост аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои номивазкунии маҳалҳои аҳолинишин ворид гардидааст, ки аз 24 тои он аз вилояти Хатлон мебошад. Вобаста ба ин 13 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои пешниҳоднамудаи вазорату идораҳо барои мувофиқа намудан омода гардидааст. Ин лоиҳаҳо номивазкунии баъзе ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва номгузории баъзе мавзеъҳои ҷуғрофии шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Шаҳринав, Варзоб, Сангвор, Файзобод, Нуробод, Тоҷикобод ва ҳудуди вилояти Хатлонро дар бар мегиранд.
Ин матлаб аз ҷониби муовини аввали раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бек Қурбонзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин сохтор баён гардид.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 15 январи соли 2019 «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 8 апрели соли 2013», дар шаҳри Хоруғ 21 раисони маҳалла ба маоши мансабӣ баробар бо сармутахассиси шуъбаи дастгоҳи раиси шаҳр фаъолият намудаистода, таъмини маблағгузории маоши мансабии раисони маҳалла дар сохтори идоракунии маҳаллӣ тағйироти мусбиро ба амал овардааст.
Бек Қурбонзода дар посух ба саволҳои зиёди хабарнигорон оид ба низоми идоракунии маҳаллӣ иброз дошт, ки «низоми мазкур — ва муайян намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои дастгоҳи ҷамоати шаҳрак ва деҳот лоиҳаи Низомномаи намунавии дастгоҳи Ҷамоати шаҳрак ва деҳот аз ҷониби Кумита таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2019 тасдиқ гардид, ки тибқи он ба танзим дароварда мешавад».
Дар нишаст зикр гардид, ки Кумита то ҷашни 30-солагии Истиқлолятӣ давлатӣ «Озмуни деҳот ва шаҳраки беҳтарин» ва озмуни ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021”-ро роҳандозӣ намуда, Низомнома ва меъёрҳои муайян намудани ғолибони таҳия намудааст.
Дар нишаст таъкид гардид, ки мақсади Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фароҳам овардани шароит барои рушди маҳал, таҳкими низоми идоракунии маҳаллӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал ҷиҳати ноил гардидан ба пешрафти иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.








Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид






