Бо кумаки саховатпешагон Мансурҷон Умаров ва Ҳикматулло Фатоҳов ба маҳаллаи Лоҳутии шаҳри Кӯлоб хати оби нӯшокӣ кашида шуд
ДУШАНБЕ, 09.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб соҳибкорону афроди саховатпеша дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми арзанда мегузоранд. Аз ҷумла, бо саҳми зодагони шаҳри Кӯлоб — Мансурҷон Умаров ва Ҳикматулло Фатоҳов, ки айни замон сокинони шаҳри Душанбе мебошанд, ба маҳаллаи Лоҳутӣ хати нави оби тозаи ошомиданӣ кашида шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сокинони маҳаллаи Лоҳутӣ солҳо аз норасоии оби тозаи нӯшоӣ танқисӣ мекашиданд.
Сокинони маҳалла аз Мансурҷон Умаров ва Ҳикматулло Фатоҳов миннатдоранд, ки ин мушкили онҳоро осон гардониданд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалҳои хайру ватандӯстона даст задани соҳибкорону афроди саховатпеша вусъат меёбад, ки он ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.
АКСҲО аз бойгонӣ








Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






