Бонки миллӣ: Соли равон қурби сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ тағйирёбии муътадил дошт

Июль 22, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 22.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар Тоҷикистон  реҷаи қурбии  «шинокунандаи танзимшаванда»  бе муйян ва эълон кардани  ҳудудҳои тағйирёбии қурб идома  дода шуда,  қурби сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ тағйирёбии  муътадил дошта, қурби расмии он (қурби миёнавазни хариду фурӯши доллари амрикоӣ  дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ) 6,4 фоиз  коҳиш ёфтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода имрӯз дар нишасти хабарӣ зимни тавзеҳи вазъи макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2020 ба доираи намояндагони расонаҳои хабарии ватанӣ ва хориҷӣ гуфт, ки қурби нақдӣ (қурби фурӯши доллари нақди амрикоӣ дар бозори ғайрибонкӣ) дар ҳамин давра 8,7 фоиз баланд шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 банди фоизӣ зиёд мебошад. Фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди амрикоӣ 30 июни соли равон ба 3,3 фоиз баробар шудааст.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода афзуд, ки ин тағйирёбӣ таҳти таъсири равандҳои иқтисодию молиявии ҷаҳон ва минтақа, бахусус давлатҳои  шарикони асосии тиҷоратӣ сурат гирифтааст. Зеро бо назардошти вазъи номуътадили  иқтисоди ҷаҳонӣ, ки пандемияи COVID-19 ба он таъсири манфӣ расонид,  дар ин давра  қурби расмии  асъори миллии аксар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон низ раванди коҳишёбӣ дошт.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода зикр кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, бартараф намудани таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта, таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2-фоизаи  байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди амрикоӣ ва аз байн бурдани фарқият дар бозори   ғайрибонкӣ 20 марти соли равон тасҳеҳи якдафъаинаи қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари амрикоиро ба андозаи то 5,0 фоиз амалӣ намуд.

Июль 22, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1097 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад