Бонки миллӣ: Соли равон қурби сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ тағйирёбии муътадил дошт
ДУШАНБЕ, 22.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар Тоҷикистон реҷаи қурбии «шинокунандаи танзимшаванда» бе муйян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб идома дода шуда, қурби сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ тағйирёбии муътадил дошта, қурби расмии он (қурби миёнавазни хариду фурӯши доллари амрикоӣ дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ) 6,4 фоиз коҳиш ёфтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода имрӯз дар нишасти хабарӣ зимни тавзеҳи вазъи макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2020 ба доираи намояндагони расонаҳои хабарии ватанӣ ва хориҷӣ гуфт, ки қурби нақдӣ (қурби фурӯши доллари нақди амрикоӣ дар бозори ғайрибонкӣ) дар ҳамин давра 8,7 фоиз баланд шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 банди фоизӣ зиёд мебошад. Фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди амрикоӣ 30 июни соли равон ба 3,3 фоиз баробар шудааст.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода афзуд, ки ин тағйирёбӣ таҳти таъсири равандҳои иқтисодию молиявии ҷаҳон ва минтақа, бахусус давлатҳои шарикони асосии тиҷоратӣ сурат гирифтааст. Зеро бо назардошти вазъи номуътадили иқтисоди ҷаҳонӣ, ки пандемияи COVID-19 ба он таъсири манфӣ расонид, дар ин давра қурби расмии асъори миллии аксар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон низ раванди коҳишёбӣ дошт.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода зикр кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, бартараф намудани таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта, таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2-фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди амрикоӣ ва аз байн бурдани фарқият дар бозори ғайрибонкӣ 20 марти соли равон тасҳеҳи якдафъаинаи қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари амрикоиро ба андозаи то 5,0 фоиз амалӣ намуд.








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст






