Буҷаи гендерӣ — воситаи бартарафсозии мушкилоти ин соҳа дар вазорату идораҳо
ДУШАНБЕ, 20.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзишӣ» дар мавзӯи «Буҷаи гендерӣ — василаи бартарафсозии мушкилоти гендерӣ дар вазорату идораҳои соҳавӣ» ҳамоиш баргузор гардид.
Ҳамоиш барои аъзои гурӯҳи соҳавии вазоратҳои кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт ва кумитаҳои меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Ҳадаф аз баргузории он нишон додани аҳамияти ба инобатгирии ҷанбаҳои гендерӣ ҳангоми таҳияи дархостҳои буҷавӣ дар вазорату кумитаҳои номбурда мебошад.
Дар ҷараёни ҳамоиш мутахассисони Гурӯҳи идоракунии лоиҳа, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иштирок намуда, доир ба вазъи иштироки занон дар бозори меҳнати мамлакат ва нақши онҳо дар рушди иқтисоди оила, нақши вазорату идораҳои дахлдор дар татбиқи сиёсати гендерии давлат, аҳамияти механизми роҳандозӣ, таҷрибаи пешқадам ва татбиқи буҷети гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши лоиҳаи ТИКТО дар касбомӯзии ҷавонон дар асоси салоҳият ва тақвияти ҳамкории вазорату идораҳо бо литсейҳои ҳадафӣ сухан гуфтанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






