ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН МИЁНИ БОНУВОН: бозии дастаҳои футболи пешсаф бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфт

Июль 16, 2020 12:02

ДУШАНБЕ, 16.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. 15 июл бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон баргузор шуд. Бозии марказии давр миёни ду дастаи пешсаф –«Хатлон»-и шаҳри Бохтар  ва «Зебо»-и Дӯстӣ  доир гашта, бо ҳисоби мусовӣ 2:2 анҷом ёфт. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки бозии дастаҳои мазкур хеле ҷолибу шавқовар  сурат  гирифт. Футболбозони шаҳри  Бохтар баъд аз зарбаҳои нишонраси Сайрамҷон Холназарова ва Лайло Ҳалимова бо ҳисоби 2:0 пешсаф буданд, вале натавонистанд ғолиб оянд, ду голи Меҳрангез Шарифова  дастаи «Зебо»-и Дӯстиро аз бохт наҷот дод. Дар бозиҳои дигар дастаҳои  футболи  «Зебонисо»-и Душанбе бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода  бо ҳисоби 4:0, «Бешкент»-и Носири Хусрав  бар «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ бо натиҷаи калон-  7:1, «Ҳосилот»-и Фархор  бар «Равшан»-и шаҳри   Кӯлоб  бо ҳисоби  1:0  ва «Барқ»-и шаҳри Норак  бар «Чашма»-и Шаҳритус бо натиҷаи  2:1  ғалаба карданд.

Пас аз натиҷагирии чор даври бозиҳо дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон  дастаҳои футболи  «Зебо»  ва «Хатлон»  бо 10-холӣ пешсафанд. Дар ҷои сеюм дастаи «Зебонисо»  бо 9 хол мавқеъ гирифтааст.

Ёдовар  мешавем,  ки  бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон 19 июл баргузор мешавад ва дастаҳо тариқи зайл бо ҳам вомехуӯранд: «Панҷшер» бо «Хатлон», «Регар-ТадАЗ» бо «Бешкент», «Равшан» бо  «Зебонисо», «Барқ» бо «Ҳосилот» ва «Зебо» бо  «Чашма» байни ҳам рақобат мекунанд.

 Б  Ғ  М  Б  Т-Т  Х
 1  «Зебо» (Дӯстӣ)  4  3  1  0  16-2  10
 2  «Хатлон» (Бохтар)  4  3  1  0  13-3  10
 3  «Зебонисо» (Душанбе)  4  3  0  1  21-2  9
 4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)  4  2  0  2  17-5  6
 5  «Бешкент»(Носири Хусрав)  4  2  0  2  11-6  6
 6  «Чашма» (Шаҳритус)  4  2  0  2  8-14  6
 7  «Барқ» (Норак)  4  2  0  2  3-14  6
 8  «Ҳосилот»(Фархор)  4  1  1  2  2-9  4
 9  «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ)  4  0  1  3  3-28  1
 10  «Равшан» (Кӯлоб)  4  0  0  4  0-11  0

 

Июль 16, 2020 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд