ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН МИЁНИ БОНУВОН: бозии дастаҳои футболи пешсаф бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 16.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. 15 июл бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон баргузор шуд. Бозии марказии давр миёни ду дастаи пешсаф –«Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Зебо»-и Дӯстӣ доир гашта, бо ҳисоби мусовӣ 2:2 анҷом ёфт. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки бозии дастаҳои мазкур хеле ҷолибу шавқовар сурат гирифт. Футболбозони шаҳри Бохтар баъд аз зарбаҳои нишонраси Сайрамҷон Холназарова ва Лайло Ҳалимова бо ҳисоби 2:0 пешсаф буданд, вале натавонистанд ғолиб оянд, ду голи Меҳрангез Шарифова дастаи «Зебо»-и Дӯстиро аз бохт наҷот дод. Дар бозиҳои дигар дастаҳои футболи «Зебонисо»-и Душанбе бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 4:0, «Бешкент»-и Носири Хусрав бар «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ бо натиҷаи калон- 7:1, «Ҳосилот»-и Фархор бар «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 1:0 ва «Барқ»-и шаҳри Норак бар «Чашма»-и Шаҳритус бо натиҷаи 2:1 ғалаба карданд.
Пас аз натиҷагирии чор даври бозиҳо дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон дастаҳои футболи «Зебо» ва «Хатлон» бо 10-холӣ пешсафанд. Дар ҷои сеюм дастаи «Зебонисо» бо 9 хол мавқеъ гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон 19 июл баргузор мешавад ва дастаҳо тариқи зайл бо ҳам вомехуӯранд: «Панҷшер» бо «Хатлон», «Регар-ТадАЗ» бо «Бешкент», «Равшан» бо «Зебонисо», «Барқ» бо «Ҳосилот» ва «Зебо» бо «Чашма» байни ҳам рақобат мекунанд.
| Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | ||
| 1 | «Зебо» (Дӯстӣ) | 4 | 3 | 1 | 0 | 16-2 | 10 |
| 2 | «Хатлон» (Бохтар) | 4 | 3 | 1 | 0 | 13-3 | 10 |
| 3 | «Зебонисо» (Душанбе) | 4 | 3 | 0 | 1 | 21-2 | 9 |
| 4 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 4 | 2 | 0 | 2 | 17-5 | 6 |
| 5 | «Бешкент»(Носири Хусрав) | 4 | 2 | 0 | 2 | 11-6 | 6 |
| 6 | «Чашма» (Шаҳритус) | 4 | 2 | 0 | 2 | 8-14 | 6 |
| 7 | «Барқ» (Норак) | 4 | 2 | 0 | 2 | 3-14 | 6 |
| 8 | «Ҳосилот»(Фархор) | 4 | 1 | 1 | 2 | 2-9 | 4 |
| 9 | «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) | 4 | 0 | 1 | 3 | 3-28 | 1 |
| 10 | «Равшан» (Кӯлоб) | 4 | 0 | 0 | 4 | 0-11 | 0 |








Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид
Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад






