Дар Душанбе таҳти унвони «Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни дзюдо» курси омӯзишиву техникӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 09.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 8 июли соли равон дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон курси омӯзишӣ-техникии «Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни дзюдо» баргузор гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар курси техникӣ 20 мураббӣ аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат карда, аз коршиноси дараҷаи байналмилалӣ Рамзӣ Шамиров қоида ва усулу техникаҳои гуштини дзюдоро ҳам назариявӣ ва ҳам дар амал омӯхтанд.
«Муддати ҳашт рӯз мо дар асоси дастурамалу маводҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо бо иштирокчиёни курс қоидаву усулҳои дзюдоро, ки қариб ҳар сол бозбинӣ мешаванд, ҳам назариявӣ ва ҳам дар амал баррасӣ кардем ва умед мекунем, ки омӯзишҳо барои мураббиён ҷиҳати омода кардани варзишгарони сатҳи байналмилалӣ коромад хоҳад буд», — иброз намуд Рамзӣ Шамиров.
Бояд зикр кард, ки дар ҷамъбасти курс котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо ширкат карда, мураббиёнро барои бомуваффақият хатм кардани курси омӯзишӣ шодбош гуфт.
«Баргузории чунин давраҳои омӯзишӣ дар асоси супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи 17-уми Ассамблеяи генералӣ иброз намуда буданд, роҳандозӣ мешавад. Дар оянда чунин курсҳо барои намудҳои дигари варзиш низ ба нақша гирифта шудааст», — афзуд М. Абдуллозода.
Сипас ба иштирокчиён сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ тақдим карда шуд.
АКСҲО аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






