Германия ба Тоҷикистон мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас намуд

Июль 30, 2020 12:50

ДУШАНБЕ, 30.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо коронавируси навъи нави  COVID-19 Ҷумҳурии Федеративии Германия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас намуд, ки маблағи умумии он 1 миллион евроро дар бар мегирад. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Мавод ва таҷҳизоти тиббии мазкур аз 16 номгӯй: воситаҳои муҳофизатии яккаратаи кормандон, маводи безараргардонӣ, термометрҳои фосилавӣ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва воситаҳои нобудсозии маводи истифодашуда иборат буда, он  дар асоси таҳлили эҳтиёҷот ва таҳти дастури Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тартиб дода шудааст.

Маводи тиббӣ ба Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе супорда шуда, дар маросими он муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Сафири Германия дар Тоҷикистон Андреас Протманн ва намояндаи маҳаллии Бонки Рушди Германия KfW Манучеҳр Бақоев  иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ки  таҷҳизот дар доираи маблағгузории гранти махсус аз ҷониби Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Германия тавассути Бонки Рушди Германия — KfW дастрас шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо COVID-19 пешкаш шудааст.

11  адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъии истеҳсоли ширкати Ҳамилтон (Швейтсария) бо маҷмӯи пурраи қисмҳои якдафъаина барои фаъолияти беист давоми 1 сол дар шароити сарбории пурра пешбинӣ шудааст. Ин таҷҳизот ба Маркази миллии тиббии «Шифобахш», Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил, беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Данғара ва Ёвон дода мешаванд. Ин беморхонаҳо инчунин бо мақсади безараргардонӣ бо лампаҳои ултрабунафш таъмин мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки Бонки Рушди Германия- KfW дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барномаҳои ҳамкории молиявии Германия бо Тоҷикистонро аз соли 2003 дар самти назорати бемории сил, саломатии модару кӯдак ва ёрии таъҷилии тиббӣ, табобат ва пешгирии полиомиелит амалӣ мекунад.

Июль 30, 2020 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд