Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафари мақсаднок анҷом дод
ДУШАНБЕ, 22.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ва масъулини вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзода бо ҳолати санитарию эпидемиологӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бахусус хуруҷи мавҷи дуюми COVID-19, табобати беморон, бунёди беморхонаҳои сироятӣ, таъминнокии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо катҳои хоб, доруворӣ, таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ барои табибон, раванди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, омодагии муассисаҳои соҳаи маориф ба соли нави хониш, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, махсусан дар иншооти бунёдшавандаи ҷашнӣ, тайёрӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ шинос шуда, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо доир намуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Таъкид гардид, ки ҳарчанд дар Тоҷикистон теъдоди гирифторшавӣ ба бемории COVID-19 коҳиш ёфта бошад ҳам, ин набояд сабаби фориғболиву беэътиноии шаҳрвандон гардад.
«Дар бисёре аз кишварҳо, ки сатҳи гирифтории ин беморӣ хеле коҳиш ёфта буд, мавҷи дуюм, хуруҷи нави гирифторӣ ба ин беморӣ мушоҳида гардида, аз ҷониби баъзе давлатҳо тадбирҳои нави фаврӣ ба муқобили пешгирии он андешида мешаванд. Эмин мондан аз ин таҳдид аз масъулиятнокии ҳар яки мо вобастагӣ дорад. Ҳар кадоми мо вазифадорем, ки баҳри сироят наёфтан ба ин беморӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии он гигиенаи шахсӣ, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, дар ин давраи басо ҳассос тибқи тавсияи мутахассисон рафтор карда, саломатии худ ва атрофиёнро ҳифз намоем», — афзуд Ширин Исматуллозода.
Ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарон ва масъулони ноҳияҳои Ваҳдат, Файзобод, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ва масъулини вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзода аз 11 то 20 июли соли равон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафари корӣ анҷом дод.













Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






