МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ: ҳудуди маъмурии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20318,25 гектар муқаррар гардид
ДУШАНБЕ, 15.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе ба андозаи 20318,25 гектар, аз ҷумла ноҳияҳои Шоҳмансур — 4888,90, Фирдавсӣ — 5447,96, Сино — 6224,39 ва Исмоили Сомонӣ — 3759,00 гектар муқаррар гардид. Аз миқдори муайяншудаи ҳудуди шаҳри Душанбе 2091,75 гектар заминҳои корами обӣ, 145,21 гектар заминҳои боғҳои обӣ, 12,28 гектар заминҳои тутзорӣ обӣ, 2,10 гектар заминҳои дарахтони ситруси обӣ, 25,79 гектар заминҳои чарогоҳ, 6390,85 гектар заминҳои маҳалҳои аҳолинишин, 65,79 гектар заминҳои хоҷагии ёрирасони шаҳрвандон, 1372,00 гектар заминҳои буттазорҳо, 3,26 гектар заминҳои зери ботлоқҳо, 1436,66 гектар заминҳои зери об, 310,02 гектар заминҳои зери роҳҳо ва гузаргоҳҳо, 7227,51 гектар заминҳои зери сохтмонҳо ва майдонҳо, 1235,03 гектар заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда муқаррар карда шуд.
Дар ин бора Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тағйир додани сарҳадҳои ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии ҳудуди шаҳри Душанбе» бо назардошти заминҳои воридгардида аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони 7 659,25 (ҳафт ҳазору шашсаду панҷоҳу нуҳу аз сад бисту панҷ) гектар тасдиқ гардид. Қарори мазкур дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, ки имрӯз дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, аз ҷониби вакилон тасдиқ гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифт. Дар иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 10 масъала, аз ҷумла, дар бораи тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, рушди соҳаи энергетика, ба низоми замонавии билингӣ гузаштани хизматрасонӣ, таъмини боэътимоди барқ ба сокинон, таҷдиду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқӣ ва барқарорсозии қисмати шабака, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ҷараёни таъмини иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 сентябри соли 2019, №551 «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар мавсими тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020», ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба 29 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №42 ва таъйин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии номбурда, таъсис додани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид карда шуданд.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст






