НИШАСТИ МАТБУОТӢ: Пандемияи COVID-19 ба бозори сайёҳии ҷаҳон зарбаи сангин задааст

Июль 24, 2020 16:10

ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ«Ховар»/. Пандемияи сирояти COVID-19 ба бахши сайёҳии ҷаҳон зарбаи сангин задааст. Тибқи омори Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ  хисороте,  ки аз таъсири пандемияи COVID-19 ба бозори сайёҳии ҷаҳон расидааст,  80 миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ мегардад. Соҳаи сайёҳии Тоҷикистон низ чун дигар давлатҳои  ҷаҳон дар давраи пандемия шароити мушкилро паси сар менамояд ва ниҳоди сайёҳии Тоҷикистон беш аз 40 фоиз коҳиш ёфтани ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба мамлакатро дар шаш моҳи соли равон хабар медиҳад.

Муовини  аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода имрӯз дар Душанбе дар ҷамъи намояндагони расонаҳои хабарии дохилӣ ва хориҷӣ гуфт, ки  дар шаш моҳи  соли равон ба Тоҷикистон 341,7  ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз ин омор 306,8 ҳазор нафарашон сайёҳ арзёбӣ мегарданд. Ин нишондиҳанда мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 243,4 ҳазор ё ин ки 44,2 фоиз кам шудааст, яъне соли сипаришуда шумораи мазкур 550, 2 ҳазор нафарро ташкил медод. Сайёҳони хориҷӣ, ки соли равон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, асосан шаҳрвнадони давлатҳои Россия, Амрико, Чин, Туркия, Афғонистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва соири кишварҳо мебошанд.

Ҳабибулло Амирбекзода афзуд, ки новобаста аз таъсири  пандемияи COVID-19 Кумита ҳамкориро бо давлатҳои хориҷи дуру наздик ҷиҳати таҳия ва мувофиқаи лоиҳаи созишномаҳои ҳамкорӣ ва ёддоштҳои тафоҳум оғоз бахшида, онро идома дода истодааст. Аз ибтидои таъсиси Кумита то имрӯз созишномаҳои ҳамкорӣ ва ёддоштҳои тафоҳум бо 7 давлати дунё, аз қабили Қазоқистон, Ӯзбекистон,  Россия, Кувайт, Урдун,  Швейтсария ва Франсия ба имзо расида, ҳамкории дуҷониба бо кишварҳои зикргардида идома дорад. Инчунин 54 ширкати сайёҳии ватанӣ бо 36 ширкати сайёҳии хориҷӣ қарордодҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расонидаанд.

Зикр шуд, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ 188 меҳмонхона, 26  хостел ва мотел, 45 осоишгоҳ, 8 марказҳои мулоиҷавӣ ва дармонгоҳҳои солимгардонӣ, 10 хонаҳои истироҳатӣ, 1 ададӣ пансионат ва кемпинг ва 4 базаи сайёҳию истироҳатӣ фаъолият намуда, беш аз 200 ширкати туристӣ дар бозори сайёҳии мамлакат фаъолият менамоянд.

Июль 24, 2020 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт