ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар як қатор ноҳияҳои ҷанубӣ ва тобеи маркази Тоҷикистон шамоли шиддатнок ва чангу ғубор ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 11.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар як қатор ноҳияҳои ҷанубӣ ва тобеи маркази Тоҷикистон шамол шиддат ёфта, боиси ба вуҷудоии чангу ғубор мегардад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назара аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳаргоҳон эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ҷанубу ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар чяк сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 18+20 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






