Ғолибони даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон маълум шуданд

Июль 15, 2020 14:10

ДУШАНБЕ, 15.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон баргузор шуд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ин бор чемпиони феълии лигаи бонувон – «Хатлон»-и Бохтар дар сафар бар дастаи футболи «Бешкент» бо ҳисоби  2:1. ғалаба кард. Дастаи «Зебонисо»-и Душанбе  ба дарвозаи дастаи «Панҷшер» 14 голи беҷавоб заданд. Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» низ тими «Ҳосилот»-ро бо ҳисоби калон (6:0) мағлуб намуд. Дастаи «Чашма» нисбат ба «Равшан»  пурзуртар буд – 1:0. «Зебо» бошад, дар меҳмонӣ бар дастаи футболи «Барқ»-и Норак бо ҳисоби 5:0 ғолиб омад.

Пас аз натиҷагирии се давр дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон дастаҳои футболи «Зебо» ва «Хатлон» бо 9-холӣ пешсафанд.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон имрӯз  15 июл доир мегардад. Дастаҳои футболи  «Хатлон»-и Бохтар бо «Зебо»-т Дӯстӣ, «Чашма»-и Шаҳритус бо «Барқ»-и Норак, «Ҳосилот»-и  Фархор бо «Равшан»-и  Кӯлоб, «Зебонисо»-и  Душанбе бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Бешкент»-и Носири Хусрав бо «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ вомехӯранд.

 Б  Ғ  М  Б  Т-Т  Х
 1 «Зебо» -(Дӯстӣ)  3  3  0  0  14-0  9
 2  «Хатлон»- (Бохтар)  3  3  0  0  11-1  9
 3  «Регар-ТадАЗ»- (Турсунзода)  3  2  0  1  14-1  6
 4  «Зебонисо» -(Душанбе)  3  2  0  1  17-2  6
 5  «Чашма»- (Шаҳритус)  3  2  0  1  7-12  6
 6 «Бешкент»- (Носири Хусрав)  3  1  0  2  4-5  3
 7  «Барқ»- (Норак)  3  1  0  2  1-13  3
 8  «Ҳосилот»- (Фархор)  3  0  1  2  1-9  1
 9  «Панҷшер»-(Ҷалолиддин Балхӣ)  3  0  1  2  2-21  1
 10 «Равшан» (Кӯлоб)  3  0  0  3  0-10  0

 

Меҳрангез Шарипова («Зебо»), Зулайхо Сафарова («Регар-ТадАЗ») –  6  тӯб, Умеда  Ҷалилова («Чашма»), Лайло Халимова («Хатлон»), Мадина Фозилова («Зебонисо») – 5 тӯб 

Бозиҳои даври чоруми  Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон имрӯз 15 июл  

«Хатлон» – «Зебо»

«Чашма» – «Барк»

«Ҳ осилот» – «Равшан»

«Зебонисо» – «Регар-ТадАЗ»

«Бешкент» – «Панҷшер»

Июль 15, 2020 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад