Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва заминҳои хоҷагии ёрирасони деҳоти Фалакон боздид намуданд

Июль 22, 2020 11:57

ДУШАНБЕ, 22.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия ва истифодаи заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсии сокинони деҳаи Фалакон дидан намуданд.

Дар намоиш асал, ғалладонагиҳо, сабзавоту меваҷот ва полезиҳо, аз қабили гандум, нахуд, ду навъи лубиё, ҷуворимакка, шолӣ, ду намуди картошка, помидору бодиринг, карам, себу шафтолу ва ғайра, ки аз заминҳои зархези ноҳияи Рӯдакӣ истеҳсол шудаанд, ба маъраз гузошта шуд.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти ба намоиш гузошташуда беш аз 2 тонна ва 40 намудро ташкил медиҳад. Мутобиқи маълумот дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 5 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамоянд, ки саҳми онҳо дар фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватании аз лиҳози экологӣ тоза назаррас аст.

Зимни боздид аз заминҳои хоҷагии иловагии ёрирасони шахсии сокинони деҳаи Фалакон ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки заминҳои президентӣ дар ҳудуди ноҳия 1 ҳазору 650 ва дар хоҷагиҳои ёрирасони ҷамоати мазкур бошад, беш аз 50 гектарро ташкил намуда, дар онҳо навъҳои гуногуни карам, помидор, ҷуворимакка, боимҷон ва дигар зироати кишоварзӣ парвариш карда мешаванд.

Айни замон дар хоҷагиҳои ёрирасон пас аз як маротиба ҷамъоварии ҳосили фаровони маккаи дон, офтобпараст, шалғаму помидор ва ғалла, акнун картошка, боимҷон ва дигар навъи маҳсулоти соҳа кишт шудааст.

Дар ҳама шаклҳои хоҷагидории деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ 704 гектар замини корам мавҷуд аст. Аз ин ҳисоб замини ғалладонагӣ 72, картошка 15, сабзавоту полезӣ 476, зироати хуроки чорво 97, боғу токзор 48, аз ҷумла 39 гектар дарахтони ҳосилдеҳ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ 445 гектар буда, хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ 170 ададро дар бар мегиранд.

Ҷиҳати таъмини аҳолии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он бо сабзавоти тару тоза, соли ҷорӣ дар 35 гектар гармхона кишту парвариш ва истеҳсоли сабзавоти тару тозаи табиӣ ба роҳ монда шудааст.

Аз гармхонаҳои ҳудуди ноҳия ба миқдори 397 тонна сабзавот, аз қабили помидор 164, бодиринг 152 ва 81 тонна намуди дигари маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Тибқи нақша то охири сол масоҳати гармхонаҳо 13 гектари дигар зиёд карда хоҳад шуд.

Бо мақсади амалӣ гардидани «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 — 2020» аз ҳисоби маблағҳои худӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёди 230 гектар боғу токзори нав ба нақша гирифта шудааст ва ин раванд бо маром амалӣ мегардад.

Зимни шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибони заминҳои президентӣ, ки оқилонаву самаранок истифода шудаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, баҳри дар оянда парваришу истеҳсоли навъҳои серҳосили маҳсулоти кишоварзӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Аҳли заҳмат иброз доштанд, ки истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ аз масъалаи муҳим дар назди кишоварзони ноҳияи Рӯдакӣ мебошад ва ҳамин аст, ки соли ҷорӣ дар ноҳия дар масоҳати 1 ҳазору 170 гектар кишти зироати такрорӣ анҷом дода шудааст, ки ин шумора назар ба соли гузашта 399 гектар зиёд мебошад.

Сокинон иқдом гирифтаанд, ки бо заҳмати аҳлона дар замин ва гирифтани ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро гузоранд.

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва заминҳои хоҷагии ёрирасони деҳоти Фалакон 22.07.2020

Июль 22, 2020 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносиро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зистро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулуро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои СҲИ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар