Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлати мо дар оғози сухан ба ҷониби Туркманистон барои сатҳи баланди ташкили ин нишаст ва меҳмоннавозии анъанавӣ арзи сипос намуда, дӯстони туркманро бо анҷоми бомуваффақияти раёсат дар ИДМ табрик гуфтанд ва ба талошҳои онҳо дар ин мақом баҳои баланд доданд.
Сипас, Раҳбари давлати мо ҷаласаи кунунии Шурои сарони давлатҳоро, ки дар партави 35-умин солгарди таъсисёбии ИДМ баргузор мегардад, басо рамзӣ номида, таъкид доштанд, ки роҳи тайшуда дар ин солҳо аҳаммияти Иттиҳодро ҳамчун майдони муколамаи сиёсӣ, рушди робитаҳои иқтисодиву гуманитарӣ ва вокуниши муштарак ба хатарҳо ва таҳдидҳои амниятӣ таъкид намуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заминаи боэътимоди ҳуқуқие, ки барои густариши рӯзномаи ҳамкории бисёрҷониба гузошта шудааст, ёдрас шуда, бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки ИДМ ба шароити тағйирёбанда мутобиқ мешавад ва ҳамкорӣ дар доираи он бо назардошти воқеиятҳои нав таҳким меёбад.
Дар ин робита, аҳамияти рушди ҳамкории технологӣ, навовариҳо, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, иқтисоди “сабз” ва татбиқи лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаи неруи барқароршаванда таъкид гардид.
Рушди пайвастаи робитаҳои нақлиётӣ, таваҷҷуҳи доимӣ ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ ва ҳамчунин, тақвияти ҳамёрии амниятӣ муҳим дониста шуд.
Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз ташаббуси Тоҷикистон дар бораи эълон намудани солҳои 2027-2036 Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст, изҳор доштанд, ки мо якҷоя бо СММ ва дигар шарикони байналмилалӣ нақша дорем моҳи июни соли 2027 дар Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баландро барои оғози расмии Даҳсола баргузор намоем. Дар ин робита Пешвои миллат таъкид доштанд, ки иштироки фаъоли кишварҳои ИДМ дар ин чорабинӣ ва дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсола, бешубҳа, боз як нишонаи ҳамбастагии муштараки кишварҳои иштирокдори Иттиҳод хоҳад буд.
Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо бо пуштибонӣ аз қарорҳои дар ин ҷаласа қабулшаванда, таъкид намуданд, ки Тоҷикистон пайваста аз идомаи ҳамкории созандаи бисёрҷониба дар доираи ИДМ пуштибонӣ мекунад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд






