Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 10.10.2026 / АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи фалак дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён таҳти унвони «Садои дил» баргузор мегардад. Дар мамлакат аз соли 2007 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 10 октябр Рӯзи фалак таҷлил карда мешавад.
Фалак мусиқии суннатии касбии мардуми тоҷик мебошад, ки давоми асрҳо ҳамчун розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ иҷрои вазифа намудааст. Он жанри мусиқии қадимии шифоҳӣ буда, давоми садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забон, аз дил ба дил ба тарзи мактаби «устод–шогирд» то ба имрӯз расидааст.
Таърихи пайдоиши фалак
Донишманди тоҷик (охири асри X ва аввали асри XI) Фахруддини Марвӣ дар рисолаи хеш «Сабки фаҳлавиёти Хуросонӣ» чунин менигорад: «Мардумони атрофу акнофи Хуросон бештар вақт аз хондани лаҳнҳои порсии омехтаи туркӣ парҳезӣ буданд. Гоҳ аз шунидани бархе аз гунаи он сурудаҳо нанг мекарданд ва рӯ ба савту садои кӯҳистон оварданд. Ин кор то бад-он ҷое расид, ки суруди фалакии Ятими Хатлонӣ пайки пиру барнои Хуросон гашт ва онро ҳар кас ба таври хеш бихонд. Ин суруди кӯҳистонии Машриқ то бад-ин аҳд бо номҳои «Фироқномаи Юсуф», «Ҳаҷри Яъқуби Канъон», «Нолаи малакут», «Нидои хокиён», «Фарёди ҷон» ва «Розҳои ногуфта» дар забони мардум бимонд». Ин нахустин сарчашмае аст, ки дар бораи фалаксароии тоҷикон маълумот медиҳад.
Ин мусиқии суннатии шифоҳии халқ ва санъати сарояндагии мардуми тоҷик мебошад, ки давоми асрҳо тавассути овози сарояндагии дорои имконоти баланди мардону занон ҳамчун ифодаи розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ ба «осмон» ё «фалак» арз мешавад. Аз ин нуктаи назар фалак ҳунаре мебошад, ки бо баландӣ — «осмон» ва «фалак» сару кор гирифта, дар навбати худ аз сароянда низ санъати баланди ҳунармандӣ талаб менамояд.
Мактаби «устод–шогирд»
Бояд гуфт, ки бо мурури замон рушди ҳунари фалакхонӣ ба ташаккули мактабҳои ҳунарии авлодӣ мусоидат намуд. Ин мактабҳои авлодӣ зимни услуби тадрисии устод–шогирд рушди бештар ёфтанд. Дар асри 20 онҳо ба ҳайси ансамблҳои оилавӣ расман пазируфта шуданд. Дар роҳи таърихии фалак вазифаи эҳё, нигаҳдорӣ ва ба насли дигар омӯзонидани ҳунари фалакхониро ҳамин мактабҳои устод–шогирд дар доираи авлод таъмин намудаанд. Фалакхонӣ тавассути ин мактабҳои суннатӣ густариш ёфта, то ба замони муосир сабки худро ҳифз намудааст.
Устодони ин жанр Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошим, Абдулло Назрӣ, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманд Холов, Дона Баҳром, Гулчеҳра Содиқова, Соҳиба Давлатшоева ва дигарон мебошанд, ки ин санъати нотакрори тоҷикро дар арсаи байналмилдалӣ муаррифӣ намудаанд.
Дар асри ХХ ва аввали асри ХХI сарояндагони хушовози ин жанри мусиқии суннатӣ — Бобохалил Одинаев, Ҳошим Қосимов, Махсуми Шакур, Раҷабмад Холов, Одина Ҳошим ва баъдтар Гулчеҳра Содиқова, Давлатманд Холов, Файзалӣ Ҳасанов, Муҳаммадсафар Муродов, Ҷумъахон Сафаров, Раҳматулло Ҳошимов, Носир Сафаров, Диловар Суфиев ва дигарон низ ин падидаи нотакрори санъати мусиқии тоҷикро инкишофу тақвияти бештар бахшиданд.
Имрӯз ин риштаи санъати мардумиро мактаби нави фалаксароён -сарояндагони мумтози тоҷик идома дода истодаанд ва умед аст, ки фалаки тоҷик дар оянда низ тавассути ҳунари волои чунин сарояндагон рушду инкишофи бештар меёбад.
Аз эътирофи дохилӣ то байналмилалӣ
Бояд гуфт, ки 20 июли соли 1989 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо роҳбарии Давлатманд Холов ансамбли «Фалак» таъсис ёфт. 16 ноябри соли 2001 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд ва ҳоло он дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 августи соли 2007 ҳамасола 10 октябр ҳамчун Рӯзи фалак дар саросари мамлакат таҷлил мегардад.
Ҳамчунин соли 2015 дар номинатсияи мусиқии суннатии тоҷикон фалак ба Ҷоизаи байналмилалии «GLOBAL RATING NOMI-NATION»-и Институти рейтинги байналмиллалӣ- «INTER-NATIONAL RATING SISTEM» — ЮНЕСКО сазовор гардид.
15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж номинатсияи миллии Тоҷикистон — «Фалак» расман ба Феҳристи репрезентивии мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Мусиқии фалак ҳамчун мероси умумибашарӣ эътироф шуд, ки ин ҳуқуқи таърихии миллати тоҷикро ба ин жанр мустаҳкам мекунад. Фалак ба унсури муаррифии фарҳанги «этно» табдил ёфта, таваҷҷуҳи пажӯҳишгарон ва сайёҳони хориҷиро ба Тоҷикистон ҷалб мекунад. Иҷрои фалак дар барномаҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро низ дар ҷаҳон бештар намудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин санъати мусиқӣ чунин иброз доштаанд: «Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ аз ҷумлаи беҳтарин мероси мусиқӣ аст, ки мо онро барҳақ мусиқии шаклан озод, таҷассуми руҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем».
Барномаи давлатӣ
Бо қарори Ҳукумати мамлакат 28 октябри соли 2023 «Барномаи давлатии рушди санъати шашмақом, фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» қабул гардид. Мақсади он ҳифз намудани мероси гаронбаҳои мусиқии миллии халқи тоҷик ва рушду тарғиби минбаъдаи шашмақом ва фалак дар ҷомеаи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Ин барнома барои амалисозии ҳадафҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар самти фарҳанг таҳия гардида, ба анҷом додани ислоҳот дар рушди шашмақом, инчунин намунаҳои мақомсароӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва эҳёи мактаби суннатии «устод-шогирд» барои тақвияти худшиносии воқеии наслҳои ҷавон, баланд бардоштани нақш ва аҳаммияти мусиқии суннатии тоҷик дар ҷомеаи муосир, рушди ҳамаҷонибаи тафаккури бадеиву маънавии тоҷикон равона шудааст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад






