Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд

Июль 10, 2020 10:42

ДУШАНБЕ, 10.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. 10 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баъди таъмиру навсозии пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ҷойгир буда, масоҳати умумии он беш аз 2 гектарро дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки бино вайрону валангор ва солҳои зиёд бекорхобида буд. Ҳамакнун мутобиқ ба талаботи замони муосир навсозӣ гардида, дар он барои кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мукаммали корӣ фароҳам оварда шуд.

Бинои 8-ошёна дорои 43 утоқи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Дар ошёнаи якум қисми навбатдорӣ ва анборхона ҷойгир шудааст.

Дар ошёнаи сеюм баробари утоқҳои ҳайати роҳбарикунандаи Хадамот, ҳамчунин ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон ва китобхона ҷойгир мебошад.

Дар китобхона беш аз 1500 нусха китоби гуногун, аз ҷумла китобҳои бадеӣ, таърихӣ ва илмию соҳавӣ мавҷуд аст. Мутобиқ ба талаботи замони муосир дар китобхона 5 адад компютер гузошта шудааст, ки фарогири 10 ҳазор нусха китоби электронӣ мебошад.

Долони ошёнаи сеюм ба 900 метри мураббаъ баробар аст. Дар ин долон қаҳвахонаи тобистона ташкил гардида, шароити хуби хизматрасонӣ барои ҳайати шахсӣ ва дигар кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» фароҳам оварда шудааст.

Ба ғайр аз қаҳвахона, дар ошёнаи чоруми бино боз ошхона фаъолият мекунад, ки он дорои 70 ҷойи нишаст мебошад.

Утоқҳои ошёнаи 5-ум ва 6-ум барои кормандони Хадамот, аз ҷумла афсарони шуъбаҳои назорати ташкилӣ, банақшагирии иқтисодӣ, кор бо ҳайати шахсӣ ва корҳои ташкили воҳидӣ, хизмат, роҳбаладӣ, шуъбаи воситаҳои техникӣ ва муҳандисӣ пешбинӣ гардидаанд.

Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити иншоот маълум гардид, ки утоқҳои корию ёрирасон ва долону дигар иншооти мавҷудаи биноро мутобиқ ба талаботи замон ва бо назардошти муҳайё будани шароити хуб барои хизматчиёни ҳарбӣ таъмир намуда, бо навтарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз намудаанд.

Нуқтаи мутамаркази мушоҳидавӣ, ки кормандони он 1500 иншоотро назорат карда, тартиботи ҷамъиятиро дар ҷумҳурӣ таъмин менамоянд, дорои 4 компютер ва дигар таҷҳизоти муосири мушоҳидавӣ мебошад. Маҷлисгоҳи Хадамот 150 ҷойи нишаст дорад ва дар он ҳама гуна воситаҳои техникӣ, аз қабили монитор, дастгоҳҳои тақвияти овоз, таҷҳизот барои гузаронидани видеоконфронсҳо ва ғайра таъмин аст. Дар ҳар як ошёна утоқҳои ёрирасон, аз ҷумла нуқтаҳои шӯстушӯӣ мавҷуд мебошад.

Дар ошёнаи 8-уми бино меҳмонхона ташкил гардида, дар он шароити хуби истиқомат вуҷуд дорад. Меҳмонхона аз 4 ҳуҷра иборат буда, имкон аст дар як вақт то 10 нафар меҳмонро қабул намоянд.

Атрофи иншоот дар масоҳати 250 метри мураббаъ сафолакпӯш шудааст ва дар ҳавлии бино таваққуфгоҳ барои ҷойгир намудани 20 нақлиёт мавҷуд аст.

Дохил ва атрофи иншоот тавассути 38 камераи мушоҳидавӣ назорат карда мешавад.

Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба рангу бор ва ороиши иншооти мавҷуда намои берунаи бино оро ёфтааст ва равшании онро дар шаб чароғакҳои ҳархелаи ҷилодиҳанда таъмин менамоянд.

Корҳои сохтмонӣ аз тарафи сохтмончиёни Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳашари дастаҷамъонаи кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» иҷро гардидаанд. Дар рафти сохтмон ба сифати масолеҳи сохтмонӣ ва иҷрои корҳо аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намудаанд ва солҳои зиёд хизмат намудани иншоот ба кормандони соҳа кафолат дода мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити мавҷудаи иншоот баҳои баланд дода, кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилиро ба истифодаи самараноки имконият ва хизмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуданд.

Ба истифода додани бинои Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10.07.2020

Июль 10, 2020 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд