САҒИРДАШТ: Имкониятҳои сайёҳии экологӣ ва аграрии он бузурганд

Июль 28, 2020 16:15

ДУШАНБЕ, 28.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муаррифии зарфиятҳои сайёҳии мамлакат ва омода намудани иншооти қабулу хизматрасонӣ ба сайёҳон бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ гурӯҳи кории Кумитаи рушди сайёҳӣ ва чанде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ва дигар мавзеъҳои сайёҳии он дидан намуданд.

Табиати биҳиштосои Сағирдашти Дарвоз ба барқароркунии саломатӣ ва сайёҳии экологӣ хеле мусоид буда, дар ин мавзеъ ба роҳ мондани сайёҳии асотирӣ ва табиати зинда, агросайёҳӣ, велотур, мототур, аспсаворӣ, човандозӣ, муолиҷавӣ ва табобатӣ, сайёҳии кӯҳию варзишӣ, лижатозии кӯҳӣ, экологӣ, барқароркунии саломатӣ ва шикор мувофиқ мебошад. Сағирдашт аз деҳаҳои Инкӯҳ, Камчак, Кулумбаи Боло, Лухч, Оҳангарон, Рубот, Садика, Сайдон, Сайёд, Сафедорон, Чухкак, Шохорон, Қалъаи Ҳусайн, Лангаро, Пастироғ, Пуштироғ, Чорсу ва Марғак иборат аст, ки ҳар кадоме ҷолибияти хос доранд. Меваҳои шаҳдбори ноҳия таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст.

Дарвоз дар Бадахшон ягона ноҳияест, ки иқлими он барои парвариши меваҳои субтропикӣ мутобиқ буда, сокинони ин ноҳия ба боғдорӣ, хусусан парвариши дарахтони лимӯ, анору анҷир ва хурмо машғуланд. Асали Сағирдашт бо таъму лаззати худ фарқкунанда аст. Дар фасли гармои тобистон мавзеи Сағирдашт мисли баҳор буда, гулу буттаҳои шукуфон дорад. Асалпарварони минтақа кӯшиш доранд, ки оилаҳои замбӯрро боз ҳам бештар намуда, бозорҳои минтақаро бо асали худ таъмин намоянд. Гиёҳҳои шифобахши Сағирдашт низ дар баландкӯҳҳои минтақа хеле зиёд буда, барои табобати бемориҳои зиёд муфид арзёбӣ мегарданд. Талу теппаҳои Сағирдашт барои рушди чорводорӣ мувофиқ буда, дар чарогоҳҳои ин мавзеъ чорвои дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар муҳлатҳои муайян ба ин минтақа оварда мешаванд. Ҷурғоту маска, дуғ, нонҳо, аз ҷумла сатрӣ, гирдача, чаппотӣ ва кулча аз ҷониби кадбонузанҳои минтақа бо маҳорати баланд пухта мешаванд.

Дар дарёчаҳои шӯхоби Сағирдашт гулмоҳӣ зиндагӣ мекунад, ки аз лиҳози экологӣ тоза ва боллазат мебошад. Худи ноҳияи Дарвоз дарвозаи Бадахшон маҳсуб ёфта,  тавассути ин ноҳия сайёҳони дохилию хориҷӣ ба шаҳру ноҳияҳои дигари Бадахшон ворид мегарданд. Вобаста ба имкониятҳои сайёҳии ин минтақа зикр кардан ба маврид аст, ки дар ноҳия як шаҳри қадимӣ бо номи Карон, ки таърихи беш аз 4000-сола дорад ва зиёда аз 25 мавзеи таърихиву фарҳангӣ мавҷуданд, ки диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд.

Тибқи маъумот, дар ноҳия 8 меҳмонхона, 1 меҳмонхонаи замонавии «Карон- Палас», 4 ҳомстей, 1 тарабхона, 1 истироҳатгоҳ, 1 минтақаи шикор, 2 ширкати сайёҳӣ, 1 мавзеи таърихию фарҳангӣ, 25  мавзеи зиёратӣ, 5 мавзеи саёҳати экологӣ ва 128 нуқтаҳои хӯроки умумӣ фаъолият доранд.

Дар ноҳия чор ҷамоат, аз ҷумла Вишхарв, Қалъаи Хумб, Нулванд ва Сағирдашт мавҷуданд. Калонтарин деҳаҳои Дарвоз Кеврон, Қалъаи Хумб, Ёгед, Зинг, Даштак, Рузвай ва Хумби Варӣ, Сағирдашт ва Қалъаи Ҳусайн мебошанд. Яке аз ҷолибияти дигари ноҳия- ин имконияти ташкили сайёҳии шикор маҳсуб меёбад. Бузи пармашох ё морхӯр аз ҷумлаи он ҳайвоноти нодири Тоҷикистон аст, ки дар ҳудуди ноҳия ба қайд гирифта шуда, зери муҳофизат қарор дорад.

Гуруҳи корӣ аз мавзеи шикори ширкати сайёҳии ҶДММ «М-Сайёд»-и ноҳияи Дарвоз дидан кард, ки дар он ба ҳифзу нигоҳдории бузи морхӯр аҳамияти хосса зоҳир мешавад.

Ба иттилои масъулин, айни замон шумораи бузи морхӯр бештар аз 400 сарро ташкил медиҳад.  Барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ шароити хуб муҳайё гардида, теъдоди довталабони шикори бузи морхӯр ҳам сол то сол рӯ ба афзоиш мебошад. Дар канори меҳмонхонаи душоёна меҳмонхонаи нави сеошёна барои сайёҳоне, ки муштоқи дидани манзараҳои зебои ин диёранд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Дар ноҳия ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати бунёди иншооти гуногуни таъйиноти иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмиру тармими роҳҳо, таъсиси инфрасохтори сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ соҳибкорону шахсони саховатманд ҷалб гардидаанд. Ҳар як меҳмону сайёҳе, ки ба ноҳия меояд, бо меҳмоннавозии хоси мардуми кӯҳистони Дарвоз истиқбол гирифта мешавад.

Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ дар самти тарғибу муаррифии ҳар як минтақаи назаррабои мамлакат ширкатҳои сайёҳӣ вазифадор гардидаанд, ки бо пешниҳоди хатсайрҳои нави сайёҳӣ хизматрасониро барои боздиди сайёҳон бештар ба роҳ монанд.

Июль 28, 2020 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар конфронси байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
«Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва бедор кардани эҳсоси ҳифзи марзу бум нақши муассир дорад», — бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Чиндао Бинҳайи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария муаррифӣ шуданд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Хатсайрҳои сайёҳӣ бо мақсади шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст шуданд
Дар Исфара оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар рушди сайёҳӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботӣ доир гардид
РОҒУН-ШАҲРИ ПИСАНДИДАИ МЕҲМОНОН. Дар нуҳ моҳ беш аз 7 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба тамошои он омаданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардиданд
Дар Кувайт зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид