Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ховалинг аз корҳои сохтмонӣ ва нашъунамои маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуд
ДУШАНБЕ, 11.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон, ки имрӯзҳо бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, аз ноҳияи Ховалинг дидан намуд. Дар ин бора аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зимни шиносоии Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимии №18 деҳаи Сафедшаҳраки Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ зикр гардид, ки муассиса барои 640 хонанда дар як баст, иборат аз 2 ошёна, синфхонаҳои барҳаво, китобхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ,ҳуҷраи омӯзгорон ва директор бо маблағгузории Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохтааст.
Дар деҳаи Токаки Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо низ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 сохта шудааст. Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки таълимгоҳи мазкур барои 240 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, аз 2 ошёна, 8 синфхона, китобхона, ҳуҷраи омӯзгорон ва директор иборат аст. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот бо маблағгузории Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ/НСИФТ) соли 2019 оғоз гардида, арзиши умумии он тахминан 4 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Ховалинг аз рафти нашъунамои маҳсулоти кишоварзӣ, ҳолати истифодабарии самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дидан намуданд.
Қитъати замини наздиҳавлигии сокини маҳаллаи Шехмизони Ҷамоати деҳоти «Ҷомбахт» Раҳмон Давлатов 0,20 гектарро ташкил дода, дар майдони 0,01 гектар гармхонаи доимамалкунанда фаъол мебошад. Дар гармхонаҳо помидор, қаланфури булғорӣ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ парвариш карда мешавад. Дар 0,15 гектар кишти бодиринг, қаланфур, картошка сир, лубиё, каду ва макка ба роҳ монда шудааст.
Шаҳрванд Раҳмон Давлатов бо аҳи оилааш аз ин замин ҳар сол то 8 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ба даст меорад.
Зимни боздиди Сарвазир аз ҳолати нашъунамои маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқнии “Суруш” иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии замини хоҷагӣ 21 гектарро ташкил дода, дар ин ҷо кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла гандум, картошка, сабзавот ва хӯроки чорво роҳандозӣ шудааст.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд намудани кишти картошка хоҷагидор дар майдони 1 га замин кишти онро ба роҳ монда, дар 4 га юнучқа, 7 га гандум кишт ва дар 5 га боғ бунёд намудааст.
Хоҷагидор дар асоси барномаи рушди боғпарварӣ соли 2014 дар масоҳати 5 га боғ бунёд карда, дарахтони себ, нок, гелос, чормағз ва ангур парвариш менамояд, ки аллакай ба ҳосил даромадаанд. Роҳбарии хоҷагиро Саймеҳриддин Ғаффоров ба уҳда дорад. Ҳама фарзандонаш аҳлона дар хоҷагӣ ба кори кишоварзӣ машғул мебошанд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






