Шурӯъ аз 15 июл дар Душанбе ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ташкил гардиданд

Июль 17, 2020 17:56

ДУШАНБЕ, 17.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 июл то 15 августи соли 2020 дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар ҷойҳои муайяншуда  бо риояи меъёрҳои мунтазами безараргардонӣ, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қойидаҳои санитарию зиддиэпидемиявӣ ва гигиенӣ, бо ташкил намудани долонҳои безараргардонӣ, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва ҳароратсанҷи масофавӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора Карори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур масъулин вазифадор гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрию ҷумҳурияви иштироки фаъолонаи истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони ватаниро дар ярмаркаи мазкур таъмин намоянд.

Раиси шаҳр бо ин қарор Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо  муваззаф гардонидааст, ки  ҷиҳати таҳияи лоиҳаи ангоравии ҷойҳои баргузории ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон  соли таҳсили 2020-2021 аз 17 августи соли равон шурӯъ мешавад.

 

АКС аз бойгонӣ

Июль 17, 2020 17:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид