Сироҷиддин Муҳриддин: «Зиёда аз 16 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуданд»
ДУШАНБЕ, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Бо дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони ҳамагирии COVID-19 16 ҳазору 400 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ дар кишварҳои хориҷӣ дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд»,- иттилоъ дод имрӯз дар нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.
Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки Вазорат дар ҷалби ёрии башардӯстонаи байналмилалӣ ва баргардондани шаҳрвандони мо аз хориҷа, ки ба сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ дар кишварҳои гуногуни хориҷӣ, аз ҷумла Россия, Чин, Украина, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Германия, Ҳиндустон, Туркия, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Эрон, Покистон ва ғайра дармонда буданд, саҳми босазо гузошт.
«Аз ҷумла, дар ин давра аз 16 ҳазору 400 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон 10 ҳазору 623 нафар тариқи роҳҳои ҳавоӣ ва 5 ҳазору 777 нафар тариқи роҳҳои заминӣ ба Ватан оварда шуданд. Инчунин дар ин давра 207 ҷасади шаҳравандони Тоҷикистон барои дафн шудан дар Ватан интиқол дода шуданд», — зикр кард Сироҷиддин Муҳриддин.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки дар ин самт корҳо идома дошта, то имрӯз зиёда аз 42 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои хориҷӣ қарор доранд, барои баргаштан ба Ватан тариқи электронӣ ва хаттӣ ба Вазорат ва сафорату консулгариҳои Тоҷикистон муроҷиат намудаанд. Аз ин шумора 41 ҳазор шаҳрвандон бо мақсади аз Россия ба Тоҷикистон баргаштан муроҷиат кардаанд.
Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки шурӯъ аз 27 июл шумораи хатсайрҳои чартерӣ аз Россия ба Тоҷикистон ҳафтае 14 маротиба ба роҳ монда мешавад, ки метавонанд мушкилоти шаҳрвандонро осон гардонанд.








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






