Ёдгор Файзов: «Аз ҷониби Пешвои миллат баҳри таъмини ҳифзи саломатии аҳолии вилоят ба маблағи зиёда аз 5,0 млн сомонӣ кумаки моддӣ расонда шуд»
ДУШАНБЕ, 17.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри пешгирии хатари паҳншавии сироятии коронавируси нави COVID-2019 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини муассисаҳои тандурустии вилоят бо маводи доруворӣ, таҷҳизотҳои зарурӣ, хӯрока ва дастгирии кормандони соҳаи тандурустии вилоят тавассути 45 адад мошинҳои боркашонии калонҳаҷми пурбор ба маблағи зиёда аз 5,0 млн сомонӣ кумаки моддӣ расонда шуд. Ин гуфта аз ҷониби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2020 садо дод. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Раиси вилоят ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар ин давра сохтмони беморхона дар ноҳияи Ишкошим ба охир расида, бо кумаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар вилоят бунёди 3 бунгоҳи тиббӣ ва 4 маркази саломатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои роҳбари давлат дар вилоят муваққатан 785 адад катҳои бистарикунонӣ барои ташхису табобати гирифторони бемории сироятии COVID-19 бо фароҳам овардани хамаи шароити зарурӣ, алалхусус бо кумаки бевоситаи шарикон оид ба рушд ва ташкилотхои ғайридавлатӣ таъмини таҷҳизоти тиббии замонавӣ ва доруворӣ ташкил карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз аввали бақайдгирии бемории сироятии коронавирус дар ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ бо ташхиси илтиҳоби шуш дар муассисаҳои тиббии вилоят 1994 нафар беморон бистарӣ гардида, ба ҳолати 1 июли соли равон 1896 нафари онҳо баъди гирифтани табобат ба хона ҷавоб дода шуданд.








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






