Ёдгор Файзов ва Муҳаммад Зоҳир Ағбар барои тақвияти ҳамкории дуҷониба мулоқоти судманд анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар мулоқот намуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот зарурати тавсияи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, ки бо роҳи муносибатҳои дӯстонаи сарони ду давлати бо ҳам дӯсту бародар рӯи даст гирифта шудаанд, таъкид гардид.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 29 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳошияи татбиқи аҳдномаи дӯстиву ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек дар ҳамаи ҷаласаҳои байнидавлатӣ оид ба ҳарчӣ зудтар барқарор намудани фазои сулҳу субот ва рушди инфрасохтори кишвари ҳаммарзи Афғонистон сухан мегӯянд. Ёдгор Файзов дар ин замина рушди муносибатҳои дӯстона дар самти иқтисоду тиҷорат, обу энергетика ва фарҳангу тандурустиро асоси густариши ҳамкории судманди ду давлати бо ҳам дӯсту бародар маънидод намуд.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар аз истиқболи гарму самимии раиси вилоят изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки муносибати дӯстона ва бародаронаи Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми Афғонистон борҳо эҳсос намудаанд. Мусаллам аст, ки ҷангҳои таҳмилӣ дар Афғонистон ба рушди инфрасохтори он монеа мешаванд ва мардуми афғон хуб дарк мекунанд, ки кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Тоҷикистон танҳо баҳри истиқрори сулҳ дар Афғонистон ва боло бурдани соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар манфиатдор буда, дар ин росто талошҳои муассир ба харҷ медиҳад.
Тарафҳо зимни мулоқот роҷеъ ба истифодаи имкониятҳо ҷиҳати густариши муноносибатҳо миёни ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя изҳори назар намуданд.










Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст






