Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард дар ноҳияи Дарвоз боздид намуданд

Август 19, 2020 08:24

ДУШАНБЕ, 19.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард ташриф оварда, бо шароити хизмат дар қисми низомӣ шинос шуданд.

Аснои шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарбозони қисми низомии мазкур суҳбати самимӣ анҷом дода, аз ҳолу аҳвол ва имкониятҳои хизматии аскарӣ пурсон шуданд.

Таъкид гардид, ки адои хизмати Модар-Ватан қарзи имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмард буда, бо истифода аз имконоти мусоиди фароҳамовардашуда ин масъулиятро бояд иҷро кард.

Сарбозон дар навбати худ ба Президенти мамлакат барои ғамхории доимиашон нисбат ба шароиту имконот дар қисмҳои низомӣ, навсозиву муҷаҳҳаз намудани воҳидҳои низомӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Вазифаи ин қизми низомӣ таъмини амният дар сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Дарвоз мебошад.

Зимни шиносоӣ бо дигар имкониятҳои қисми низомӣ иттилоъ дода шуд, тайи се соли охир аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар дохили қисми низомии мазкур як қатор бинову иншооти дорои аҳамияти ҳарбӣ ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, бинои Ситоди қисми низомӣ ва хобгоҳи кушоду барҳаво аз 2 ошёна иборат буда, дар масоҳати 800 метри мураббаъ бунёд карда шудааст. Илова бар ин, дар дохили қисми низомии мазкур нуқтаи назорати гузаргоҳӣ, ошхона ва шаҳраки қаровулӣ, истгоҳи нигоҳдории техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву автомобилӣ, бинои таълимии муҷаҳҳаз бо синфхонаҳои дарсӣ, маҷмааи варзишӣ иборат аз майдончаҳои футбол, волейбол ва обутоби бадан, синфхонаҳои тобистона, ҳаммоми сарбозӣ, анбори нигоҳдории маводи хӯрокворӣ, амволи шайъӣ, нуқтаи тиббӣ, хобгоҳи афсарон, ҳуҷраҳои махсус барои шӯстану хушк намудани либосу пойафзол ва дигар нуқтаҳои маишиву фароғатӣ барои фаъолияти рӯзмарраи афсарону аскарон муҳайё карда шудааст.

Тамоми утоқҳои кории афсарон, синфхонаҳои таълимии сарбозон, хобгоҳ ва дигар мавзеъҳои маишиву фароғатии дохили бинои мазкур, пурра бо мизу курсӣ ва дигар ашёву лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҳудуд ва атрофи қисми низомӣ бо деворҳои рангуборшуда мустаҳкам гардонида шудааст. Илова бар ин дар дохили қисми низомӣ як мавзеи фароғатӣ бо ороиши ҳунарҳои мардумӣ, фаввора, гӯшаи поси хотираи фарзандони диловари тоҷик дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ва бо дигар мусаввараҳои таърихӣ бунёд карда шудааст.

Бинои ошхонаи қисми низомӣ аз нав бунёд гардида, бо назардошти тамоми талабот муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Аз ҷумла, дастгоҳҳову таҷҳизоти муосир барои омода кардани хӯроки сарбозон дар ошхонаи навбунёд насб гардида, он бо мизу курсӣ таъмин мебошад. Дар ин ҷо хӯроки гарму серғизо омода шуда, се вақт ба сарбозон пешниҳод мегардад.

Зимни боздид Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсӣ ва масъулинро вазифадор намуданд, ки ба сифати ғизои сарбозон ва маҳсулнокии таоми омодагардида диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Таъмини саривақтии хӯроки серғизо яке аз талаботи асосӣ дар қисмҳои низомӣ барои сарбозон мебошад.

Маводи озуқа дар ин қисми низомӣ аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати мудофиа таъмин карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки имконоти ин мавзеъ барои дар оянда парвариш кардани чорво, гузаронидани кишти зироат ва таъмини дигар қисмҳои низомӣ бо маводи хӯрокворӣ самаранок истифода бурда шавад.

Афсарону аскарони Қисми низомии Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ омодагии хуби ҷангӣ дошта, ҳайати шахсии он бо техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву нақлиётӣ, мошинҳои махсуси замонавӣ ва дигар силоҳу муҳимоти муосири ҳарбӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар  доираи анҷоми корҳои сохтмонӣ, бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми ин солҳо дар ҳудуди тамоми гарнизонҳои мамлакат бисёре аз қисмҳои низомӣ навсозӣ шуда, як қатор иншооти муҳим ва дорои аҳамияти ҳарбӣ низ таъмиру тармим гардиданд.

Баъд аз шиносоӣ бо шароити хизмативу маишӣ ва ҳам таълимиву фароғатии ҳайати шахсии ин қисми низомӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати шахсӣ сухан карда, нахуст онҳоро ба муносибати 29-умин солгарди таҷлил аз Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният намуданд. Таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат зодаи даврони истиқлоли мамлакат буда, ҳамасола бо андешидани тадбирҳои саривақтӣ шарту шароит дар қисмҳои низомӣ ба талаботи давру замон мутобиқ карда мешавад. Дар ин баробар мустаҳкамсозии заминаи моддӣ-техникии ҷузъу томҳои Артиши миллӣ зери таваҷҷуҳ ва назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дастовардҳои то ба имрӯз амалигашта натиҷаи чунин ғамхориҳо мебошад.

Баъди суханронии Президенти мамлакат гузашти низомии сарбозон баргузор гардид.

Боздид аз қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард дар ноҳияи Дарвоз 19.08.2020

Август 19, 2020 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Оғози пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Омодагӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд