Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ба ятимону бепарасторон туҳфаҳо тақдим намуданд

Август 19, 2020 09:08

ДУШАНБЕ, 19.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 55 нафар ятими кулл ва маъюб, ки тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд, мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд. 

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин кӯдакону наврасони бо амри тақдир аз меҳри гарми волидайн маҳруммондаро ба муносибати оғози соли нави таҳсил табрику таҳният гуфта, ба онҳо хониши хубу аъло орзу карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан туҳфаҳоро, ки аз кумакпулӣ ва сару либос иборат буд, ба ҳар яки онҳо тақдим намуданд. Ҳамчунин дар ин рӯз ба хотири шодию нишоти ятимону маъюбон дастархони идона ороста шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони ятим суҳбати самимӣ доир намуда, зикр карданд, ки табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ зери таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ҳукумати мамлакат барои таҳсил ва фаъолияти онҳо ба таври ҳамешагӣ тадбирандешӣ намуда, ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки ин қишри ҷомеа худро бекасу танҳо ҳис кунанд.

Таъкид гардид, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ятимону маъюбон имтиёзҳои махсус муайян гардида, онҳо тибқи Квотаи президентӣ бе имтиҳон ба муассисаҳои олии мамлакат барои идомаи таҳсил қабул карда мешаванд.

Хонандагон дар навбати худ ба Сарвари раъиятпарвар барои ҳамаи дастгириҳо ва шароити созгори зисту таълим изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки бо истифода аз шароити муҳайёнамудаи давлат ва Ҳукумати мамлакат таҳсилро бо баҳои хубу аъло идома дода, дар оянда шахсони соҳибмаълумоту донишманд ба воя мерасанд ва дар ободониву пешрафти Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

Тақдими туҳфаҳо ба ятимону бепарасторон дар тарабхонаи “Ориёно”-и ноҳияи Дарвоз 19.08.2020

Август 19, 2020 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайидро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизодаро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Татяна Молчанро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест — 2025» иштирок намуданд
Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Тоҷикистон
Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд