Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ мулоқот намуданд

Август 20, 2020 09:42

ДУШАНБЕ, 20.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас тавассути заҳмати софдилона изҳори сипос карданд.

Дар доираи сафарии навбатии кории Президенти мамлакат дар маркази ноҳияи Ванҷ як зумра иншооти муҳим ба истифода супорида шуданд, ки барои рушду пешрафти ин ноҳияи дурдасти мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ванҷ ва пешрафту ободии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 680 миллион сомонӣ равона намуд, ки аз ин ҳисоб қариб 100 иншооту биноҳои нав ба маблағи беш аз 170 миллион сомонӣ бунёд карда шудаанд.

Дар ин давра аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ 150 иншоот ба маблағи 70 миллион сомонӣ бунёду навсозӣ гардидааст.

Ҳамзамон бо ин, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар ноҳия ба маблағи умумии 54 миллион сомонӣ 14 иншоот, аз ҷумла 7 муассисаи таълимӣ бунёду таъмир карда шуданд.

Илова бар ин, аз ҳисоби татбиқи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар 29 соли охир 182 миллион сомонӣ аз худ гардидааст.

То имрӯз дар асоси нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ 55 иншооту биноҳои иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду навсозӣ гардида, то баргузории ҷашн сохтмон ва ба истифода додани 17 иншооти дигар пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, бо ташаббуси соҳибкорон ва сокинони бонангу номуси ноҳия ба истиқболи ин санаи мубораки таърихӣ бунёди даҳҳо иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ дар назар аст, ки дар онҳо барои сокинон садҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 245 иншоот ба маблағи 196 миллион сомонӣ сохта шуда, даҳҳо иншооти дигар то ҷашни 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат барои таҷдиду навсозии шоҳроҳи Қалъаихумб — Ванҷ ҳоло корро бо шарикони рушд идома дода, давоми се соли минбаъда лоиҳаи таҷдиди 93 километр роҳи мошингарди зикргардидаро ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ амалӣ мегардонад, ки дар доираи он ҳамчунин сохтмони 15 пул ва 2 нақб пешбинӣ шудааст.

Дар ноҳияи Ванҷ ҳоло 5 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи  дар доираи онҳо азхудшуда 13 миллион сомониро ташкил медиҳад. Лоиҳаҳо ба соҳаҳои нақлиёт, маориф, таҳсилоти касбиву техникӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона карда шудаанд.

Имкониятҳои ноҳия дар самти рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, махсусан, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ ва дигар хизматрасониҳо зиёданд ва зарур аст, ки ба ин соҳаҳо сармояи ватаниву хориҷӣ ҳарчи бештар ҷалб карда шавад.

Сарвари давлат Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарони вилоят ва ноҳия ва дигар сохторҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар самти коркарди ашёи хом ва ба кор даровардани иқтидорҳои азкормонда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар ноҳия инчунин имконият барои парвариши меваю сабзавот ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш хеле фаровон аст, ки дар ин замина даҳҳо коргоҳҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бунёд кардан мумкин аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ вазифадор карданд, ки ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рушди боғпарварӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои доимӣ андешанд.

Ҳамчунин супориш дода шуд, ки роҳбарону масъулони ноҳия ҷиҳати иҷрои нақшаи дурнамои кишти зироат, махсусан, картошка, зироати ғалладонагӣ, бунёди боғҳои нав ва истифодаи самараноки замин тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба паҳншавии бемории нави сироятӣ, номуътадил гардидани вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ ва боло рафтани нархи маҳсулоти ғизоӣ аз ҳамаи роҳбарон, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва умуман, ҳар сокини ноҳия, ки дар ихтиёри худ як порча замин доранд, талаб намуданд, ки барои самаранок истифода бурдани замин ва захира намудани маводи ғизоӣ тамоми таҷрибаву малакаи худро сафарбар намоянд.

Барои рафъи камбудиҳо дар соҳаи маориф Вазорати маориф ва илм ва ҷиҳати беҳдошти вазъи соҳаи тандурустӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми бонангу номуси ноҳия дар оянда низ бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои рушди минбаъдаи ноҳия ва Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ва барои дар сатҳи баланди омодагӣ истиқбол намудани ҷашни муқаддаси Ватани маҳбубамон — сисолагии истиқлолияти  давлатӣ саҳми босазои хешро дареғ намедоранд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия- кормандони касбу кори гуногун сухан гуфта, оид ба дастовардҳои ноҳия давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, талошҳову ташаббусҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат андешаронӣ карда, ба Пешвои миллат ҷиҳати таъмини зиндагии сазовор барои мардум изҳори миннатдорӣ намуданд.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ 20.08.2020

Август 20, 2020 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар чорабинии фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии «Микролаб»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд