Мутасаддиён барои фаъолияти намунавӣ дар нигоҳубини дарахтони аз хориҷа воридшуда ҳавасманд мегарданд

Август 12, 2020 11:10

ДУШАНБЕ, 12.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд шахсони  мутасаддӣ  барои фаъолияти намунавӣ дар нигоҳубини дарахтони аз хориҷи мамлакат воридшуда, ки дар кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе шинонида шудаанд, ҳавасманд карда мешаванд. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  Сарраёсати молияи шаҳр аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда  ҷиҳати мукофотонидани ғолибон шасту шаш ҳазор сомонӣ ҷудо намуд.

Тавре сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода дар суҳбат бо хабарнигори   АМИТ «Ховар» иброз дошт, тибқи қарори дахлдори  ҳайати Комиссия, тартиб ва меъёри муайян намудани беҳтарин шахсони мутасаддӣ, ки ба парвариш ва нигоҳубини дарахтони аз хориҷи мамлакат овардашуда дар ҳудуди пойтахт   машғуланд,  тасдиқ карда шуд.

«Рустами Эмомалӣ Комиссияи таъсисгардидаро муваззаф намуд, ки  фаъолияти худро тибқи тартиби тасдиқгардида ба роҳ монда, ғолибонро аз рӯи «Нақшаи вобастакунӣ ва нигоҳубини дарахтони хориҷии дар кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе дар тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020 шинонидашуда», ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе 21 майи соли 2020 тасдиқ карда шудааст, муайян намояд»,-афзуд манбаъ.

Ҳавасмандгардонии мазкур аз рӯи се номинатсия сурат мегирад:  «Беҳтарин мутасаддӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе», «Беҳтарин мутасаддӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин мутасаддӣ дар хиёбонҳои  шаҳри Душанбе». Барои ғолибони ҷойи якум 10000 сомонӣ, барои мақоми 2-юм 7000 сомонӣ ва барои ишғолкунандагони ҷои сеюм 5000 сомонӣ дар ҳар се номинатсия  муқаррар гардидааст.

Иқдоми мазкур бо мақсади таъмини иҷрои банди 32 нақшаи чорабиниҳои амалисозии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар «Қасри миллат» 28 апрели соли 2020 баён доштанд, роҳандозӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир дар тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020  ба миқдори 6444 бех дарахтони ороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи мамлакат ворид карда шуда, дар мавзеъҳои муқарраргардидаи ҳудуди шаҳри Душанбе  шинонида шуданд.

Август 12, 2020 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд