Агентии обуҳавошиносӣ: Моҳи август дар Тоҷикистон гармии ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад

Август 5, 2020 13:39

ДУШАНБЕ, 05.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи август ҳарорати ҳаво тибқи меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд дар назар аст.

Тавре аз Агентии обуҳавошиносӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин давра ҳарорати миёнаи ҳаво дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ 1 дараҷа баланд аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо 25+29 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 21+24 дараҷа  гарм мешавад.

Давоми моҳ ҳарорати ҳаво шабона 16+21  ва дар рӯзҳои алоҳида то +25 дараҷа гарм мешавад. Рӯзона ҳарорат тағйир ёфта, аз 32+37 то 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 41+43 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.

Миқдори моҳонаи бориш дар вилояти Хатлон аз меъёр кам пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 0,1-1,9 мм  ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 2-4 мм-ро ташкил медиҳад.

Дар ин минтақа аввали моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ  ба амал меояд. Шамол дар рӯзҳои алоҳида аз самти ғарб бо шиддати то 17-22 метр дар як сония вазида, дар водиҳо тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Суғд тибқи меъёри иқлимӣ  ва дар водиҳо 1 дараҷа  баланд пешбинӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо 25+27 дараҷа  гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 23+24 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 15+18 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 ва рӯзона аз 17+22 то 24+29 дараҷа мерасад.

Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ дар баъзе ноҳияҳо кам буда, дар водиҳо 1-2мм,  дар доманакӯҳҳо ва кӯҳӣ 3-4мм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 7-14мм пешбинӣ шудааст. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат, раъду барқ пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо шамол бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад.

Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шудааст.

Дар ин давра ҳаво шабона аз 10+15 то +18 дараҷа гарм шуда, рӯзона ҳарорат аз 23+28 то 30+35 дараҷа мерасад. Дар ноҳияи Дарвоз то +38 дараҷа  гармӣ пешгӯӣ мешавад.

Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ кам ва дар баъзе ноҳияҳо дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешбинӣ шудааст.

Нимаи дуюми моҳ боридани борон бо раъду барқ дар назар дошта шудааст.

Дар шарқи  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа  паст шуда, 8+12 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ ҳарорати ҳаво дар ин вилоят  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 11+16 то 18+23 дараҷа  гарм мешавад.

Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ камтар пешгӯӣ шуда, 5-17мм-ро ташкил медиҳад.

Август 5, 2020 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад