АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО ДАР ҲАМА МИНТАҚАҲО ОВОЗИ БЕШТАР ГИРИФТААСТ. КМИ Беларус натиҷаҳои пешакии интихоботи президентиро эълон кард

Август 10, 2020 08:37

ДУШАНБЕ, 10.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Комиссияи марказии интихоботи (КМИ) Беларус Лидия Ермошина изҳор дошт, ки президенти кунунӣ Александр Лукашенко дар ҳама минтақаҳо  пешсаф аст. Ӯ 80,2% овози интихобкунандагонро ба даст овардааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии давлатии иттилоотии Беларус «БелТА» хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти пешакии КМИ, ба ҷонибдории Светлана Тихановская 9,9%, Анна Канопатская — 1,68%, Андрей Дмитриев — 1,04%, Сергей Черечня — 1,13% ва бар зидди ҳамаи интихобшавандагон 6,02% овоз додаанд.

Бо натиҷаҳои пешакии интихобот раиси КМИ Лидия Ермошина хабарнигоронро шинос намуд. “Онҳо аслан дар шакли дастӣ навишта шуданд, бо такя ба он ки Комиссияи марказӣ, чун чораи қатъӣ  ман ва таҳлилгар, ки мо танҳо ду нафар будем, соати 1-и шаб аз бинои Ҳукумат тахлия шуд. Аз ин рӯ, мо натиҷаҳоро қабул накардем. Мо онҳоро ба наздикӣ, пештар аз оғози брифинг қабул кардем”, — гуфт Лидия Ермошина. Дар робита ба ин, натиҷаи ягона, ки дирӯз аз ҷониби раиси Комиссияи марказии интихобот эълон карда шуд, аз рӯи баста шудани участкаҳо дар беморхонаҳо ва қисмҳои ҳарбӣ буд. Ғайр аз ин, натиҷаҳои овоздиҳӣ дар баъзе минтақаҳо эълон карда шуданд.

Тибқи маълумоти пешакии КМИ, дар интихобот 5 798 908 нафар ё 84,23% овоздиҳандагони ба рӯйхат шомилбуда ширкат варзиданд.

Ба ҷонибдории Александр Лукашенко 4,652,423 нафар, ба Андрей Дмитриев — 60,543, ба Анна Канопатская — 97,926, ба Светлана Тихановская -574,312 ва ба Сергей Черечня — 65,784 нафар овоз доданд.

АКС: РИА Новости

Август 10, 2020 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд