Тартиби омодагӣ ба баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба тасвиб расид
ДУШАНБЕ, 06.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 17 августи соли равон дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ Рӯзи дониш (Дарси сулҳ, Дарси аввал) гузаронида шуда, дар он моҳияти сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Пешвои миллат дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ба хонандагон фаҳмонида мешавад. Инчунин дар муассисаҳои таълимӣ тамошои дастаҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ барои омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 9-11 дар синфхонаҳо, толори маҷлисгоҳ ва хонаи омӯзгорон бо тадбирҳои безараргардонӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ ба роҳ монда мешавад. Дар робита аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар бораи «Тартиби омодагӣ ба баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27 июли соли равон ба тасвиб расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳамчунин Вазорат «Тавсияҳои умумӣ вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус»-ро ба тасвиб расонидааст, ки тибқи он ҳангоми ворид шудан ба муассисаи таълимӣ аз ҷониби навбатдор ва ё шахси масъул ҳарорати хонандагон санҷида шуда, маҳлули безараргардонии дастон истифода мешавад. Дар ҳолати ошкор гардидани таби баланд аз ҷониби корманди тиббии муассиса, роҳбари синф ва ё маъмурият падару модари хонанда даъват ва тадбири зарурӣ андешида мешавад.
Давомнокии дарсҳо дар муассисаи таълимӣ барои синфҳои якум 35 дақиқа, барои синфҳои 2-11 на зиёда аз 45 дақиқаро ташкил медиҳад. Машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ дар басти якум соати 8:00 оғоз ёфта, соати 12:55 ба анҷом мерасад. Басти дуюм соати 13:10 оғоз шуда, соати 17:55 ба охир мерасад.
Дар бораи раванди дарсҳо, машғулиятҳои таълимӣ, давомнокии дарсҳо ва дигар масъалаҳо аз сомонаи Вазорати маориф ва илм (http:// maorif.tj/) маълумоти пурра гирифта метавонед.
Акс аз бойгонӣ








Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст






