БА СЕ ТАРҲИ БЕҲТАРИН ЛАЙК МОНЕД! Озмуни «10 лоиҳаи беҳтарини солҳои 2017-2020 дар шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид

Август 10, 2020 11:11

ДУШАНБЕ, 10.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои шаҳрсозии назди Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Озмуни «10 лоиҳаи беҳтарини солҳои 2017-2020 дар шаҳри Душанбе» баргузор намуда, онро 6 августи соли равон ҷамъбаст кард. Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» расми ҳамаи лоиҳаҳоро, ки дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе таҳия ва пешниҳод гардидаанд ва ба  озмуни мазкур  роҳ ёфтаанд, ба намоиш гузоштааст. Сарраёсат аз корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ хоҳиш намудааст, ки тариқи овоздиҳӣ (лайк) аз байни онҳо 3 лоиҳаи беҳтаринро интихоб намоянд.

АМИТ «Ховар» лоиҳаҳои мазкурро шарҳ  медиҳад. Ду иншооти аввале, ки дар ин озмун роҳ ёфтаанд — ин биноҳои нави Парлумон ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошанд, ки ояндаи наздик сохтмони онҳо оғоз мегардад.

Барои сохтани иншооти мазкур на кам аз се сол муҳлат лозим аст, зеро биноҳои мазкур муҳташам буда, масоҳати онҳо аз 42 то 44 ҳазор м2-ро ташкил медиҳанд.

Тибқи иттилои масъулини Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  лоиҳаи кории бинои нави Парлумон ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз экспертизаи давлатӣ гузашта, хулосаи мусбии он ба ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин пешниҳод шудааст. Пудратчии генералии сохтмони «Бинои нави Парламенти Тоҷикистон» Корпоратсияи «Yanjian» ва пудратчии генералии сохтмони «Бинои маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Корпоратсияи «JiangSu JiangDu construction group.co.itd» тариқи озмун интихоб карда шудаанд. Мутахассисони ташкилотҳои мазкур бояд ҷиҳати оғози корҳои сохтмонӣ ба шаҳри Душанбе сафарбар мешуданд, лекин бинобар сабаби хуруҷи бемории коронавирус сафари онҳо ба таъхир  афтод. Дар бунёди  биноҳои мазкур зиёда аз 80 фоизи сохтмончиёнро кормандони маҳаллӣ  ташкил медиҳанд.

Лоиҳаи дигаре, ки дар ин озмун барои баҳодиҳӣ гузошта шудааст, ин Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» мебошад. Маҷмааи  мазкур  дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои Истиқлолият ва озодӣ, инчунин ба хотири 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад. Масоҳати умумии  боғи «Истиқлолият»  бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе 30 гектарро  ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт  воқеъ мебошад.

Масоҳати умумии боғи Сангин, ки дар он Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» сохта мешавад, 8,5 гектарро ташкил медиҳад. Баландии умумии муҷассама  121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоии он 91 метро  ташкил медиҳанд, ки он  рамзи 30-солагии Истиқлолият ва  дар соли 91-уми асри гузашта ба даст овардани  истиқлолиятро ифода менамояд.Барои зебову назаррабо гардондани атроф, гулгаштҳо ва роҳравҳои назди Маҷмаа дарахтони гуногуни сояафкану ороишии ҳамешасабз шинонида шудаанд. Дар Маҷмааи мазкур майдони баргузории чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, бунёд мешавад. Майдони мазкур дар назди муҷассама ҷойгир шуда, барои роҳпаймоиҳою  намоишҳои театришуда мувофиқ аст.

Ду лоиҳаи дигар — ин биноҳои Донишгоҳи Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мебошанд. Донишгоҳи Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Низоми Ганҷавӣ бунёд шуда,  Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар хиёбони Синои пойтахт сохта шудааст.

Лоиҳаи дигаре, ки дар озмуни мазкур муаррифӣ гардид, ин  бинои Намоишгоҳи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар хиёбони А.Синои шаҳри Душанбе сохта мешавад. Хотиррасон менамоем, ки дар  бинои мазкур барои гузаронидани намоишгоҳҳои байнамилалӣ  шароит  фароҳам оварда шуда, он бо навтарин технология муҷаҳҳаз мегардад.

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Душанбе давоми ду соли оянда бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз 1000 нафар дар як вақт пешбинӣ  шудааст. Аз миёни 9 меҳмонхонаи муосир ба озмуни мазкур лоиҳаи меҳмонхонаҳои панҷситорадор дар кӯчаҳои Н.Ганҷавӣ ва  Ҳ. Аҳрорӣ сохташаванда роҳ ёфтаанд.

Бинои аввалӣ — меҳмонхонаи панҷситорадор дар кӯчаи Н.Ганҷавӣ  дорои меҳмонхонаи 20-ошёна ва маркази тиҷоратии 17-ошёна мебошад. Шумораи умумии ҳуҷраҳои меҳмонхона 160 адад буда, аз 2 ҳуҷра барои меҳмонони воломақом, ҳар яке бо масоҳати 250 метри мураббаъ дар ошёнаҳои 12 ва 15, 13 ҳуҷраи люкс, ки масоҳати ҳар яки онҳо 80 метри мураббаъ, 35 ҳуҷраи стандартӣ иборат мебошад. Дар маҷмӯъ меҳмонхона барои 300 нафар имкони буду бош фароҳам меорад. Бунёди иншооти мазкур барои таъсиси 150 ҷойи нави корӣ аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ замина фароҳам меорад. Мувофиқи лоиҳа масоҳати умумии бинои бисёрфунксионалӣ қариб 1 гектарро ташкил дода, фармоишгар ва лоиҳакаши он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-Строй-Сервис» мебошад.

Меҳмонхонаи дигар — ин  меҳмонхонаи бисёрошёнаи замонавии «WYNDHAM  Dushanbe hotel & Resorts»  дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрории ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  мебошад. Он аз 9 ошёна иборат  буда, барои қабули меҳмонон 103 адад ҳуҷра бо 300 кат, аз ҷумла, ҳуҷраи президентӣ, 2 супер-люкс, 20 адад ҳуҷраи люкс, 20 адад нимлюкс ва 60 ҳуҷраи стандартӣ дорад. “WYNDHAM Dushanbe hotel & Resorts” дорои марказҳои хизматрасонӣ-фароғатии СПА, 2 толори маҷлис, 2 тарабхона, қаҳвахона, лаунч-бар, ҳавзи шиноварии дарунӣ, толори зебоӣ, марказҳои солимгардонӣ-фитнес, нуқтаи фурӯши чиптаҳо, толори зиёфат, мағозаҳои савдои брендӣ ва таваққуфгоҳи нақлиётӣ барои 81 мошин мебошад. Иншооти замонавӣ дар 2 сол аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наврӯз Усмонов бунёд мегардад ва баъди мавриди истифода қарор додани он беш аз 240 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд. Бренди “WYNDHAM hotel & Resorts” яке аз ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ буда, зиёда аз 9200 меҳмонхонаро дар бар мегирад. Дар зиёда аз 80 давлати шаш қитъаи олам хизматрасонӣ мекунад ва 36 меҳмонхонаи “WyndhamGrupp” дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолият менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба меҳмонхонаи “WYNDHAM” сохта мешавад.

Лоиҳаи навбатӣ- тарҳи бинои Донишкадаи Астрофизика мебошад, ки он дар кӯчаи Айнии пойтахт сохта мешавад.

Ду лоиҳаи охирин- тарҳи  биноҳои истиқоматӣ дар кӯчаи Ҳусейнзода  №№28,  30 –и  шаҳри Душанбе мебошанд. Хотиррасон мешавем, ки   дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе №185 аз 19 марти соли 2020 дар кӯчаи Ҳусейнзода 28, 30-и пойтахт  биноҳои истиқоматии баландошёна бо ҷойгиронии марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар ошёнаҳои аввал ва таваққуфгоҳи нақлиёти автомобилии дусатҳа дар таҳхонаи онҳо сохта шуда истодааст. Пудратчӣ сохтмони мазкур   ҶДММ «Глобал Групп» ва лоиҳакаши он гурӯҳи лоиҳакашии «Равзанаи ягона»-и Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ шаҳри Душанбе мебошанд.

Итминон дорем, ки шаҳрвандони мамлакат  тариқи овоздиҳӣ (лайк)  дар интихоби 3 лоиҳаи беҳтарини Озмуни «10 лоиҳаи беҳтарини солҳои 2017-2020 дар шаҳри Душанбе» мусоидат менамоянд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Август 10, 2020 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни духтарон доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Роҳи автомобилгарди маҳаллаҳои Чимтеппа, Дарёобод ва Сарикиштии ноҳияи Фирдавсӣ пурра таъмир гардид
Оид ба рушди бонизоми зеҳни сунъӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Олимпиадаи V даставии хонандагони муассисаҳои шаҳри Душанбе аз фанни технология баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мешавад
Доир ба татбиқи «Ҷадвали тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2025» ҷаласа баргузор шуд
МАРОМНОМАИ СОКИНИ ПОЙТАХТ. Муҳаббатамонро ба шаҳри Душанбе — муаррифи таъриху фарҳанги миллат бо рафтори намунавӣ собит намоем
«САЙРИ САДА». Дар Душанбе таҳти ин унвон барои иштирокдорон ва меҳмонони хориҷӣ хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардид
«БАРНОМАИ МИЛЛӢ ОИД БА БАРҲАМДИҲИИ ШАКЛҲОИ БАДТАРИНИ МЕҲНАТИ КӮДАКОН». Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба амалишавии он дар пойтахт ба тавсиб расид
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
«САЙРИ САДА». 1 феврал барои меҳмонон ва сокинони пойтахт хатсайрҳои сайёҳии ройгон ташкил мешаванд
Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз — 2025 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид