Ба соҳибкорон барои масрафи беҳудаи неруи барқ ва сари вақт напардохтани ҳаққи истифодаи он огоҳӣ дода шуд

Август 15, 2020 10:06

ДУШАНБЕ, 15.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста ба Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми ҷумҳурӣ   оид ба истифодаи оқилонаю сарфакоронаи неруи барқ дар робита ба кам гардидани сатҳи об дар обанбори Норак, ҳамоно соҳибкороне ҳастанд, ки дидаву дониста, бо истифода аз асбобу таҷҳизоти баландшиддат ва  худсохти барқӣ ба масрафи барзиёду ғайримақсадноки қувваи барқ роҳ дода, дар пардохти саривақтии маблағҳои истифодаи он бо ҳар роҳу восита ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд. 

Соҳибкор Восеъ Аъзамов, ки  дар кӯчаи Дӯстии халқҳо, №72-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дӯкони нонпазӣ  дорад, аз ҷумлаи онҳост. Номбурда ҳангоми фаъолияти соҳибкорӣ  ба масрафи  беҳудаву барзиёди неруи барқ роҳ дода, ҳаққи истифодаи онро сари вақт пардохт накарда, инчунин  талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва меъёрҳои санитариро дар коргоҳ риоя накардааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба соҳибкор Восеъ Аъзамов барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар дӯкони нонпазиаш муҳлат дода шуд. Ҳамин гуна ҳолати ногувор дар кӯчаи Дӯстии халқҳои  ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  дар коргоҳи қаннодии соҳибкор Фарҳод Мардонов низ  муайян карда шуд.  Дар коргоҳи  мазкур  дар баробари хавфи сӯхтор, инчунин эҳтимоли хатари  паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҳам вуҷуд дорад. Бинобар ин нисбат ба ин  соҳибкор тадбирҳои қонунӣ андешида шуда, барои рафъи камбудиҳо ба ӯ муҳлат дода шуд. Ҳолати дигари сари вақт пардохт нашудани ҳаққи истифодаи қувваи барқ дар анбори нигоҳдории орди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Стелло», воқеъ дар кӯчаи Абдуллобеков, №43-и ноҳияи Синои пойтахт, ки роҳбарии онро Зафар Ҳафизов ба уҳда дорад, муайян карда шуд. Бояд зикр  кард, ки маблағи қарзи истифодаи қувваи барқи иншооти мазкур зиёда аз 29 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Вобаста ба ҳолати ҷойдошта аз тарафи гурӯҳи корӣ бо масъулини иншоот суҳбати дахлдор гузаронида шуда, барои пардохти маблағи қарзи истифодаи  неруи барқ муҳлати муайян дода шуд.

Кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он дар ҳамкорӣ бо дигар раёсатҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ баҳри пешгирии масрафи беҳудаву барзиёди неруи барқ ва сари вақт пардохт намудани ҳаққи истифодаи он аз ҷониби корхонаву иншооти гуногун ва аҳолӣ, инчунин таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор чораю тадбирҳои зарурӣ  роҳандозӣ намуда истодаанд. Кор дар ин самт аз тарафи кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ  ва ҷузъу томҳои он дар ҳамкорӣ бо дигар раёсатҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  идома дорад.

Август 15, 2020 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Себистони шаҳри Ҳисор мактаби нав бунёд мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи 108-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Доир ба пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойи якумро соҳиб шуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеӣ аст
Дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сохтмони биноҳои нави таълимӣ оғоз шуд
Баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар Коллеҷи технологии Конибодом баррасӣ гардид
IRS: Ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок таъмин аст