БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОН! Аз 16 то 31 август 55 парвози чартерии иловагӣ аз Россия ба Тоҷикистон анҷом дода мешавад
ДУШАНБЕ, 15.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 қарор қабул намуд, ки аз 16 то 31 август 55 парвози чартерии иловагӣ аз Россия ба Тоҷикистонро анҷом дода мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
Бино ба иттилои манбаъ, парвозҳои чартерӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» аз шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Қазон, Краснодар ва Сургут ба Душанбе дар мувофиқа бо ҷониби Россия анҷом дода мешаванд.
Рӯйхати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохил кардан ба парвозҳои чартерӣ аз ҷониби комиссияҳои махсус, ки дар назди Сафорат дар Москва ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Россия фаъолият мекунанд, тартиб дода мешаванд. Ҳамзамон, афзалият ба гурӯҳҳои осебпазири шаҳрвандон, пеш аз ҳама, беморон, занони дорои кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки қаблан ба Россия бо сафари хизматӣ рафтаанд, дода мешавад.
Ҳамватанон метавонанд дархостҳои худро барои бозгашт ба Ватан ба тврзи электронӣ ба суроғаи charter-russia@mfa.tj барои баррасии минбаъдаи комиссияҳои зикршуда фиристанд.
Мувофиқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамватаноне, ки ба Ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиши усули реаксияи занҷири полимераз (ПТР) гирифта шудааст ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.
Ҳангоми ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маълумотномаи мавҷуд набудани сирояти коронавирус (COVID-19), шаҳрвандони кишвар аз санҷиши ҳатмӣ ва карантин озод карда мешаванд.
Ҳамин тариқ, парвозҳои чартерии зерин аз 16 то 31 август ба нақша гирифта шудаанд:
— 16 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 16 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 16 августи соли 2020, Новосибирск-Душанбе (Somon Air);
— 17 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 17 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 17 августи соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе (Somon Air);
— 17 августи соли 2020, Қазон-Душанбе (Somon Air);
— 18 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 18 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 19 августи соли 2020, Сургут-Душанбе (Somon Air);
— 19 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 19 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 19 августи соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе, (Somon Air);
— 20 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Tаjik Air);
— 20 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 20 августи соли 2020, Екатеринбург- Душанбе (Somon Air);
— 20 августи соли 2020, Новосибирск -Душанбе (Somon Air);
— 21 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 21 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 21 августи соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе (Somon Air);
— 21 августи соли 2020, Краснодар-Душанбе (Somon Air);
— 22 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 22 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 23 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 23 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 23 августи соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе (Somon Air);
— 24 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Tаjik Air);
— 24 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 24 августи соли 2020, Новосибирск-Душанбе (Somon Air);
— 24 августи соли 2020, Қазон-Душанбе (Somon Air);
— 25 августи соли 2020, Сургут-Душанбе (Somon Air);
— 25 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 25 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 25 августи соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе (Somon Air);
— 26 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 26 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 26 августи соли 2020, Краснодар-Душанбе (Somon Air);
— 27 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Tаjik Air);
— 27 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 27 августи соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе (Somon Air);
— 27 августи соли 2020, Екатеринбург-Душанбе (Somon Air);
— 28 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 28 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 28 августи соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе (Somon Air);
— 29 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 29 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 29 августи соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе (Somon Air);
— 30 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Tаjik Air);
— 30 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 30 августи соли 2020, Екатеринбург-Душанбе (Somon Air);
— 30 августи соли 2020, Новосибирск-Душанбе (Somon Air);
— 31 августи соли 2020, Сургут-Душанбе (Somon Air);
— 31 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 31 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);
— 31 августи соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе (Somon Air).
АКС аз бойгонӣ








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






