«БО САРВАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ ҲАМАГИР ПИРӮЗ ХОҲЕМ ОМАД!». Чунин иброз дошт дар суҳбат бо АМИТ “Ховар” сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Август 10, 2020 14:00

ДУШАНБЕ, 10.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ҷаҳон гирифтори бемории коронавируси  навъи  нави COVID-19 буда, табибон, донишмандон ва сойири мутахассисон сарҷамъона бар зидди  ин вабои аср мубориза мебаранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз охирҳои моҳи апрели соли равон ҳодисаҳои аввали тасдиқшудаи бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд. Имрӯз вазъ дар иртибот ба ин  беморӣ дар кишвари мо назар ба бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла ҷумҳуриҳои ҳамсоя беҳтар аст. “Ин, қабл аз ҳама, самараи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарӣ ва назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад”, — иброз дошт зимни суҳбат бо АМИТ “Ховар” сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон БЕКМУРОДЗОДА.

Мавсуф дар идомаи суҳбат чунин ибрози назар намуд:

-Рӯзҳои охир дар мамлакат ҳолатҳои сироятёбии сокинон аз бемории  COVID-19 то андозае поён рафта, муроҷиати шаҳрвандон низ ба муассисаҳои тиббӣ  бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус кам гардидааст.  Бо вуҷуди ин Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони коронавируси нави COVID-19 ҳушдор медиҳад, ки ҳарчанд дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои  сироятёбӣ аз  COVID-19  кам шуда бошанд ҳам, чораҳои пешгирикунанда ва табобати ин беморӣ бояд боз ҳам пурзӯр карда шаванд.

Ҳадаф ва мақсади ситоди мазкур пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, дарёфт, ташхис ва муолиҷаи беморони коронавируси нави COVID-19 ва пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ ва  назорати бемороне мебошад, ки дар хона табобат мегиранд.

Мавриди зикр аст, ки маҳз дастуру супоришҳо ва қарору фармонҳои сари вақт  ба имзорасонидаи  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки мо имрӯз дар самти коҳиш додани сафи гирифторони ин беморӣ ва зиёд шудани шумораи нафарони шифоёфта ба муваффақият ноил гардидаем.

Дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2020  оид ба тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, ки  “ба шахсоне, ки ба гурӯҳҳои осебпазир дохил мешаванд, ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонида шавад”.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонад.  Инчунин то ба эътидол омадани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19 ҷалб мешаванд, иловапулӣ пешбинӣ ва пардохт намояд.

Маҳз ин ва дигар ғамхориҳои  беамсоли Пешвои миллат буданд, ки ин гурӯҳҳои осебпазир   аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дастгирии пурра ёфтанд. Имрӯзҳо низ дар пайравӣ аз иқдомҳои инсондӯстонаи Сарвари давлат соҳибкорону дигар шахсони хайрхоҳ ба нафарони камбизоату танҳо, пирони барҷомонда ва дигар нафарони ниёзманд кумак мерасонанд.

Яъне ин маъракаи хайрхоҳиву накӯкорӣ, ки аз рӯзҳои аввали паҳншавии бемории сироятии коронавирус оғоз гардида буд, имрӯзҳо низ бо ҳамон ҷӯшу хурӯш идома дошта, мардум бо ҳидояти Пешвои миллат пайваста дасти ҳам гирифта, ба якдигар кумак мерасонанд.

Тавре зикр намудем, аз рӯзҳои аввали пайдоиши пандемияи коронавирус ва илтиҳоби шуш дар  кишварамон Ҳукумати мамлакат бо сарварии Пешвои миллат тадбирҳои саривақтӣ ба роҳ монд. Дар ин давра бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис ёфт. Инчунин ҷиҳати расонидани кумаку дастгирӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳаҷми 29 миллион сомонӣ маблағҳои зарурии иловагӣ ҷудо гардида, кори ситод зери назорати шахсии Сарвари  давлат қарор гирифт.

Илова бар ин, тавассути бастани марзҳо, манъи парвозҳои байналмилалӣ ва карантин намудани мусофирони аз берун воридшаванда як муддат пеши роҳи паҳншавии босуръати вирус   гирифта шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 майи соли равон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустии мамлакат, аз ҷумла, чунин иброз доштанд:  «Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дода шуд, ки фаъолияти бонизоми беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини онҳо бо доруворӣ, таҷҳизоти замонавӣ ва маводи ғизоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намояд. Барои ҳалли масъалаҳои бетаъхир маблағҳои аввалин аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва Фонди захиравии Президенти мамлакат ҷудо карда шуданд, ки то ба имрӯз барои харидории таҷҳизоту ашёи зарурии тиббӣ ва доруворӣ сарф шуда истодаанд ва истифодаи онҳо таҳти назорат қарор дорад».

Илова бар ин, дар хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ дар Бонки миллӣ суратҳисоби махсус кушода шудааст, ки ҳамватанони саховатманди мо барои сари вақт гирифтани пеши роҳи ин бемории марговар ба он маблағ равона месозанд.

Ҳамаи ин  тадбирҳо ба он  равона гардидаанд, ки дар ҷумҳурии мо  аз паҳншавии ин беморӣ сари вақт  ҷилавгирӣ карда шавад, хатари сирояти он аз байн равад, риояи  қоидаҳои одитарини  тозагию беҳдоштӣ, аз ҷумла шустани дастон, пӯшидани ниқоб, нигоҳ доштани фосилаи ҷамъиятӣ, бо даст салом накардану ҳамдигарро ба оғӯш нагирифтан ва ғайра меъёри асосию муҳими зиндагии  одамон гардад.

Даро омади гап,  ин бори аввал нест, ки Сарвари давлати мо бо ҳидояту роҳнамоиҳои хеш мардуми тоҷикро аз торикию зулмот  ба сӯи нуру равшанӣ мебаранд. Бори аввал, ҳанӯз 29 сол қабл, дар замоне, ки худ ҳанӯз ҷавон буданд, тоҷиконро аз  банди ҷаҳолату ҷангу хунрезӣ раҳоӣ бахшида, ба сӯи зиндагии орому осуда  ҳидолят намуданд.

Имсол мо 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Тӯли ин муддат  Сарвари давлати Тоҷикистон бо кӯшишҳои пайгирона ва талошҳои шабонарӯзӣ маҳбубияту  ҷонибдории тамоми мардуми тоҷикро ба даст оварда, марҳала ба марҳала давлати моро ба сӯи  қуллаи мақсуд раҳнамун сохта истодаанд.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва раванди музокирот ба хотири сулҳу салоҳ  аз ҷониби Сарвари   давлат гузаштҳо сурат мегирифт, гаштаю баргашта сари мизи музокирот менишастанд, дар ҷустуҷӯйи роҳҳои мусолиҳа ба ҳама чиз омода буданд. Зеро ҳанӯз дар суханронии аввалини худ дар иҷлосияи таърихии шонздаҳум таъкид намуда буданд, ки ба хотири таъмини сулҳ ва наҷоти миллат омодаанд ҳатто ҷони худро қурбон намоянд. Ва ба ин савганди хеш то имрӯз устувор мондаанд.

Мардуми тоҷик, ки борҳо шоҳиди устуворию истодагарӣ, ростқавлию собитқадамии Пешвои худ гардидаанд, ин дафъа низ бовар доранд, ки бо чунин Сарвар ҳама гуна мушкилот, аз ҷумла бемории ҳамагирро низ дар якҷоягӣ паси сар менамоянд. Дар мубориза бо ин беморӣ мо ҳатман пирӯз хоҳем омакд! Моро танҳо зарур аст, ки дар ин лаҳзаҳои душвору ҳассос дасти ҳам гирем, якдилу якқавлу якмаром бошем, аз мушкилот наҳаросем, ба қонунҳои мавҷуда эҳтиром гузорем ва барои шукуфоии Тоҷикистон заҳмат бикашем.

Август 10, 2020 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»