«Бонки Эсхата» ба духтурон: «Мо пеши қаҳрамонии шумо сари таъзим фуруд меорем!»

Август 18, 2020 12:11

ДУШАНБЕ, 18.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил мегардад. Дар робита ба ин рӯз, ҳайати кормандони «Бонки Эсхата» тамоми табибони мамлакатро бо иди касбиашон табрик намуданд. Матни ин табрикотро манзури хонандагон мегардонем:

«Дар ин рӯз, албатта, мо — намояндагони «Бонки Эсхата» — мехоҳем номи ҳамаи табибонро зикр кунем, ки вазифаи касбии худро содиқона иҷро мекунанд. Нафаронеро метавон ном бурд, ки дар давраи мушкил барои тамоми ҷаҳон дар сафи авваланд, садҳо одамро наҷот медиҳанд ва инчунин нафаронеро, ки дар мубориза бо коронавирус ҷони садҳо беморонро наҷот дода, аммо ҷони худро наҷот дода натавонистанд.

Бо назардошти он, ки рӯйхати қаҳрамонони соҳаи тиб беохир хоҳад буд, мо ба ҳар кадоми шумо — табибон таҳсину офарин мегӯем. Ҳамаи шуморо бо иди касбӣ самимона табрик гуфта, бароятон саломатии қавӣ орзу мекунем.

Имрӯз тамоми ҷаҳонро вируси корона фаро гирифтааст ва ҳамаи беморон ба кумаки шумо ниёз доранд. Дар айни замон, новобаста аз ихтисоси касбии худ шумо саломатии ҳар шаҳрвандро муҳофизат карда, ҳаёти ҳар яки онҳоро аз ин бемории сироятӣ наҷот дода, кумаки равонӣ низ мерасонед. Бигзор саъю кӯшишҳои шумо ба некӣ анҷомаду саломатии шумо бегазанд бод!

Кормандони ҶСК «Бонки Эсхата» иди табибонро беаҳамият гузошта наметавонанд. Мутаассифона, кормандони бонк низ ба бемории ин давру замон дучор шуда истодаанд. Танҳо ба шарофати кордонӣ ва дастгирии табибон, кормандони бонк пас аз беморӣ саломатии худро барқарор намуда, ба кор баргаштанд.

Мо ҷиддӣ будани вазъ ва оқибатҳои эҳтимолии онҳоро пурра дарк мекунем, аз ин рӯ, мекӯшем тамоми тадбирҳои бехатариро, ки бар зидди паҳншавии бемории сироятии коронавирус андешида шудаанд, риоя кунем.

Мо фаъолияти худро ба рушди хизматрасониҳои фосилавӣ равона карда истодаем ва ба аҳолӣ имкониятҳои нави мобилӣ пешниҳод менамоем, то ин ки шаҳрвандонро аз ҷойҳои серодам эмин дорем. Тавсия медиҳем, ки то ҳадди имкон ҳамаи пардохтҳоро аз хона набаромада, тариқи имкониятҳои фосилавӣ иҷро намоянд.

Тамоми амалҳои кормандони бонк дар мубориза бар зидди бемории сирояти коронавирус — ин кумак ба кормандони соҳаи тиб буда, ҳадафи асосии ҷомеаи меҳнатии бонк ба ин восита коҳиш додани ин беморӣ мебошад.

Мо пеши қаҳрамонии шумо сари таъзим фуруд меорем! Идатон муборак!».

Август 18, 2020 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5981 то 9.6300 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1108 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст