Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд

Март 19, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 19.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни байналмилалии Наврӯз барои миллати тоҷик арзиши бузурги таърихию фарҳангӣ дошта,  меҳрофарӣ, нуру равшангароӣ, зебоӣ, дӯстӣ, ҳамнавоӣ бо табиату Замин, пайдо намудани неруи тоза ва ободкорию накӯкориро таҷассум менамояд. Ин матлаб зимни тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»  таҳти унвони «Наврӯз — шоҳсутуни таърихи пурифтихори тоҷик» баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз «Саноатсодиротбонк»  иттилоъ доданд.

Кормандони бонк бо завқи баланди миллӣ ва эҳсоси зебоипарастӣ анъанаҳои милии наврӯзиро пешниҳод намуданд. Инчунин барномаи фарҳангӣ бо саҳнаҳои рангин, суруду таронаҳои дилангез ва иҷрои ҳунармандонаи кормандон фазои идонаро боз ҳам ғанӣ гардонида, ҳозиринро эҳсоси ифтихори миллӣ ва шодмонӣ фаро гирифт.

Гуфта шуд, ки Наврӯз таърихи зиёда аз шашҳазорсола дошта, куҳантарин ойини миллӣ дар ҷаҳон аст. Ривоятҳо дар бораи таърихи пайдоиши ин ҷашн зиёд буда, он аз ниёгонамон ба мо мерос мондааст. Наврӯз на танҳо таърихи бой, балки маънию фалсафа, ҳикмати зиёд ва арзиши бебаҳои илмӣ дорад.

Ҳамчунин иброз гардид, ки мо бояд ойинҳои неки ин ҷашни бостонии миллатамонро пос дошта, ба наслҳои оянда мерос гузорем. Барои давлатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, бахусус Тоҷикистон боиси фараҳмандӣ аст, ки ин ҷашни аҷдодӣ маҳз бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият дохил карда шуд. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 2010 Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва дастгирии давлатҳои дӯсту бародар мебошад.

Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушию шодмонӣ меорад, балки айёми созандагию ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар хонадон, маҳалли зист ва дар маҷмуъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд.

 

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» 

Март 19, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2330 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1121 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2128 сомонӣ муқаррар гардидааст
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2124 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.1259 сомонӣ муқаррар гардидааст