Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 19.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маҳз бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон гардидани Наврӯз қатънома қабул намуд. Имрӯзҳо ин ҷашни бостонӣ дар бисёр давлатҳои ҷаҳон бошукуҳ таҷлил мегардад. Чунин иброз намуд Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар ҳамоише, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиши ҷашнӣ роҳбарияту кормандон, собиқадорон ва муҳаққиқон иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон буда, аз замонҳои қадим то имрӯз мардумро бо арзишҳое, чун ваҳдату ҳамдилӣ, созандагию ободкорӣ ва дӯстию инсонпарварӣ муттаҳид месозад. Маҳз ваҳдату ҳамдилӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ба пешрафтҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардад.
Таъкид гардид, ки вазифаи муҳимми ҷомеа тарбияи солими насли наврас, бахусус ҷавонон мебошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва худшиносии миллӣ тарбия ёбанд. Дар ҳамоиши ҷашнӣ ҳамзамон дар бораи таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз, аҳаммияти фарҳангӣ ва суннатҳои неки он сухан гуфта, нақши ин ҷашни бостониро дар рушди фарҳанги миллӣ шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар ҳамоиш инчунин дар бораи яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти классикии тоҷик — Робиаи Балхӣ ва тасвири баҳору Наврӯз дар эҷодиёти ӯ сухан карда шуд. Дар қисмати фарҳангию фароғатии ҳамоиш намояндагони созмони ҷавонони бонк ва санъаткорони шинохта бо қироати шеъру таронаҳои наврӯзӣ ва суруду мусиқӣ, ки тараннумгари баҳору Наврӯз буд, ба фазои идонаи ҳамоиш шаҳомат бахшиданд.
Дар анҷоми ҳамоиш ғолибони мусобиқаҳои варзишие, ки бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз байни воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, бо Диплому ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар доираи Sibos 2026 ҳамкории Тоҷикистон бо SWIFT баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид






