Бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол оғоз шуданд

Август 24, 2020 10:05

ДУШАНБЕ, 24.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз ду бозии даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардид, ки дар ҳарду вохӯрӣ ғолиб муайян нагардид ва бозиҳо бо натиҷаи мусовӣ тамом шуданд. Се бозии дигаи даври  мазкур имрӯз, 24 август доир мешаванд. Дастаи  футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъро қабул мекунад, дастаи футболи   «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба меҳмонии дастаи  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан меравад, дастаи  футболи  «Хатлон»  дар шаҳри  Бохтар бо  КМВА  вомехӯрад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Душанбе-83»-и шаҳри  Душанбе  ҷолибу диданӣ ва сергол сурат гирифт. Дар дақиқаи 14-уми вохӯрӣ Элчибек Рашидбеков ба дарвозаи дастаи «Кӯктош» гол зада, ҳисоби рақобатро кушод.

Аз ҳайати дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ Холмурод Назаров як дақиқа пеш аз анҷоми қисмати аввали бозӣ ба задани голи ҷавобӣ даст ёфт. Бозингари дастаи «Кӯктош» Мбеке Диеудони дар дақиқаи 61-уми вохӯрӣ гол зада, соҳибони майдонро ба пеш баровард. Аммо пешсафии онҳо дер давом накард, зеро бо гузоштани 8 дақиқаи дигар Аъзам Муродов голи дуюми дастаи «Душанбе-83»-ро зада, ҳисобро баробар намуд.

Дар бозии дигар дастаҳои футболи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе  бо ҳам рақобат карданд. Сабқати ин дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 13-ум

«Кӯктош» – «Душанбе-83» – 2:2

Голҳо: Элчибек Рашидбеков, 14 (0:1). Холмурод Назаров, 44 (1:1). Мбеке Диеудони, 61 (2:1). Аъзам Муродов, 69 (2:2).

«Регар-ТадАЗ» – «Локомотив-Помир» – 0:0

Август 24, 2020 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад