Дар Ҷамоати деҳоти «Қаратоғ» амалиёти «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 18.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти «Қаратоғ»-и шаҳри Турсунзода амалиёти «Тозагии маҳал» ва «Тозагии роҳ» гузаронида шуд. Он дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба истиқболи таҷлили сазовори ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, ҳадаф аз он доир намудани корҳои тозагию ободонӣ, бахусус озодагии муҳити зист дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Турсунзода мебошад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар амалиёти «Тозагии маҳал» ва «Тозагии роҳ» беш аз 800 нафар сокинони маҳал, намояндагони корхонаю муассисаҳо иштирок намуда, дар тоза намудани шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода саҳм гузоштанд. Зимни амалиёт сокинон алафҳои худрӯй ва хасу хошокро бартараф намуда, шоху навдаи дарахтонро ба тартиб дароварданд.
Ҳамзамон сокинони маҳал дар ин рӯз ҷӯйҳои байнидеҳавию байнихоҷагиро тоза ва ба тартиб дароварданд. Дар маҷмӯъ зимни гузаронидани амалиёти «Тозагии маҳал» ва «Тозагии роҳ» 3 км роҳ тоза гардида, 12 куб партовҳо ба партовгоҳи асосӣ интиқол дода шуданд.
Бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни миллӣ чунин амалиёти тозагӣ дар дигар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Турсунзода низ гузаронида мешаванд.








Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






