Дар Аврупо ҳолатҳои такроран бо коронавирус сироят ёфтан ошкор шудаанд
ДУШАНБЕ, 26.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Белгия ва Нидерландия беморони дубора бо коронавирус сироятёфта ошкор шудаанд. Эҳтимолан эминӣ аз сироят танҳо як — ду моҳ нигоҳ дошта мешавад, огоҳ мекунанд вирусшиносон. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба dw.com хабар медиҳад.
Вирусшиносони Белгия ва Нидерландия рӯзи сешанбе, 25 август дар бораи ҳолатҳои дубора сироят ёфтан бо коронавирус дар ин кишварҳо гузориш доданд.
Дар мавриди сироятёбии дубораи як марди солхӯрда ва эминии баданаш сустшуда дар Нидерландия, вирусшинос Марион Копманс, ки мушовири ҳукумати ин кишвар низ мебошад, зимни суханронӣ дар радиои NOS хабар дод. Омӯзиши геноми вирус нишон дод, ки ин ҳақиқатан сироятёбии такрорӣ аст, на оқибати сирояти аввал, зикр намуд ӯ.
«Мо аз рӯи дигар уфунатҳои узвҳои нафаскашӣ медонем, ки коркарди эминӣ (иммунитет) барои тамоми умр ғайри имкон аст. Ва дар мавриди COVID-19 низ чизи дигареро интизор набояд дошт», — гуфт Копманс.
Як бемор дар Белгия бори дуввум пас аз се моҳи шифо ёфтанаш такроран бо коронавирус мубтало гардид, гуфт вирусолог Марк Ван Ранст дар мусоҳиба бо телевизиони VTM. Дар штампи дуввуми вирус 11 ҳолати тағйирёбии (мутация) -и вирус ошкор шудааст.
«Ин хабари бад аст» – гуфт ӯ ва илова кард, ки ӯ умедвор буд, ки эминӣ дарозтар хоҳад буд, на як-ду моҳ.
24 август олимони Донишгоҳи Ҳонконг бори аввал дар бораи нахустин ҳодисаи илман тасдиқшудаи сироятёбии дубора бо SARS-CoV-2 хабар дода буданд.
Як марди 33-сола 4.5 моҳ пас аз бори аввал сироят ёфтан дубора гирифтори коронавирус гардид ва ташхиси геном нишон дод, ки ӯ дубора ба ин беморӣ гирифтор шудааст.
Худи ҳамон рӯз сардори Тува Шолбан Қара-оол гуфт, ки вай бори дуввум бо коронавирус сироят ёфтааст. Бори аввал вай дар охири моҳи май ин бемориро аз сар гузаронида буд.
Тибқи маълумоти гурӯҳи ризокорони байналмилалии Worldometer, аз оғози пандемия то 25 август дар саросари ҷаҳон беш аз 23,8 миллион ҳолати сироятёбӣ сабт шудааст, 817 640 тан ҷон бохтаанд ва зиёда аз 16,3 миллион нафар шифо ёфтаанд.
Акс аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






