Дар Аврупо ҳолатҳои такроран бо коронавирус сироят ёфтан ошкор шудаанд

Август 26, 2020 11:43

ДУШАНБЕ, 26.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Белгия ва Нидерландия беморони дубора бо коронавирус сироятёфта ошкор шудаанд. Эҳтимолан эминӣ аз сироят танҳо як — ду моҳ нигоҳ дошта мешавад, огоҳ мекунанд вирусшиносон. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба dw.com хабар медиҳад.

Вирусшиносони Белгия ва Нидерландия рӯзи сешанбе, 25 август дар бораи ҳолатҳои дубора сироят ёфтан бо коронавирус дар ин кишварҳо гузориш доданд.

Дар мавриди сироятёбии дубораи як марди солхӯрда ва эминии баданаш сустшуда дар Нидерландия, вирусшинос Марион Копманс, ки мушовири ҳукумати ин кишвар низ мебошад, зимни суханронӣ дар радиои NOS хабар дод. Омӯзиши геноми вирус нишон дод, ки ин ҳақиқатан сироятёбии такрорӣ аст, на оқибати сирояти аввал, зикр  намуд ӯ.

«Мо аз рӯи дигар уфунатҳои узвҳои нафаскашӣ медонем, ки коркарди эминӣ (иммунитет) барои тамоми умр ғайри имкон аст. Ва дар мавриди COVID-19 низ чизи дигареро интизор набояд дошт», — гуфт Копманс.

Як бемор дар Белгия бори дуввум пас аз се моҳи шифо ёфтанаш  такроран  бо коронавирус мубтало гардид, гуфт вирусолог Марк Ван Ранст дар мусоҳиба бо телевизиони VTM. Дар штампи дуввуми вирус 11 ҳолати тағйирёбии (мутация) -и вирус ошкор шудааст.

«Ин хабари бад аст» – гуфт ӯ ва илова кард, ки ӯ умедвор буд, ки эминӣ дарозтар хоҳад буд,  на як-ду моҳ.

24 август олимони Донишгоҳи Ҳонконг бори аввал дар бораи нахустин ҳодисаи илман тасдиқшудаи сироятёбии дубора бо SARS-CoV-2 хабар дода буданд.

Як марди 33-сола 4.5 моҳ пас аз бори аввал сироят ёфтан дубора гирифтори коронавирус гардид ва ташхиси геном нишон дод, ки ӯ дубора ба ин беморӣ  гирифтор шудааст.

Худи ҳамон рӯз сардори Тува Шолбан Қара-оол гуфт, ки вай бори дуввум бо коронавирус сироят ёфтааст. Бори аввал вай дар охири моҳи май ин бемориро аз сар гузаронида буд.

Тибқи маълумоти гурӯҳи ризокорони байналмилалии Worldometer, аз оғози пандемия то 25 август дар саросари ҷаҳон беш аз 23,8 миллион ҳолати  сироятёбӣ сабт шудааст, 817 640 тан ҷон бохтаанд ва зиёда аз 16,3 миллион нафар шифо ёфтаанд.

Акс аз бойгонӣ

Август 26, 2020 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн