Дар Душанбе хатсайри троллейбусии №12 барқарор гардид

Август 26, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 26.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз, 26 август баъд аз ба истифода додани роҳи сесатҳа (эстакада) дар буриши ҳалқаи хиёбони И.Сомонӣ бо хиёбони А.Сино хатсайри троллейбусии №12 (Маркази савдои “Тоҷикистон (ЦУМ)-маҳаллаи Гулбутта) ба фаъолият оғоз менамояд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки ҳаракати троллейбусҳо дар хатсайри мазкур тавассути хиёбонҳои И. Сомонӣ, А. Сино, С. Шерозӣ ва Н. Қарабоеви шаҳр  ба роҳ монда мешавад.Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии троллейбусҳо истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ роҳандозӣ мешавад»,-афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 10 апрели соли 2018 то инҷониб  бинобар сабаби анҷоми корҳои таъмирию навсозӣ дар хиёбони С. Шерозии шаҳри Душанбе  ва сохтмони роҳҳи сесатҳа дар буриши ҳалқаи хиёбони И.Сомонӣ бо хиёбони А.Сино фаъолияти  троллейбусҳо дар хатсайри №12 муваққатан қатъ гардида буданд.

Август 26, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад