Дар Душанбе Маркази хизматрасонии «Mersedes –Benz» ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 22.08.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе Маркази хизматрасонии «Mersedes –Benz» ифтитоҳ гардид. Маркази мазкур аз ҷониби ширкати ватании «Starlexx», ки ягона намояндаи расмии мошинҳои тамғаи «Mersedes –Benz» -и ширкати германии «Daimler AG» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, таъсис дода шудааст.
Тавре мудири Маркази навтаъсиси хизматрасонии «Mersedes – Benz» дар Тоҷикистон Зариф Исмоилов зимни маросими расмии ифтитоҳи марказ гуфт, « мақсади асосӣ таъмини сифати баланди хизматрасонӣ, ки комилан ба фалсафаи ширкати «Mersedes –Benz» мутобиқат мекунад, ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таъмир ва пешниҳоди интихоби васеи мошинҳои тамғаи «Mersedes –Benz» мебошад». Мавсуф афзуд, ки марказ тибқи талаботи баланде, ки ширкати «Daimler AG»-и Олмон нисбат ба корхонаҳои «Mersedes –Benz» пешниҳод менамояд, бунёд карда шудааст. Дар марказ тамоми шароит барои будубоши муштариён ва меҳмонон фароҳам оварда шудааст.
Зикр гардид, ки рисолати асосии ширкат фурӯши мошинҳои нав, трейд-ин –низоми харид, рушди нигоҳубини мошин баъд аз харид, сифати баланди хизматрасонӣ, реҷаи кории роҳат ва доираи васеи хизматрасониҳои иловагӣ мебошад.
Маркази хизматрасонӣ, ки бо таҷҳизоти навтарини техникӣ муҷаҳҳаз гаштааст, бо иқтидори таъмири комили то 20 мошин дар як рӯз омода буда, ба муштариён хизматрасониҳои баландсифати нигоҳубини кафолатӣ, анбори бузурги қисмҳои эҳтиётӣ ва лавозимоти аслии «Mersedes –Benz»-ро пешкаш менамояд.
Мутахассисони ширкат аз курсҳои таълимӣ гузашта, тибқи стандартҳои «Mersedes –Benz» ва тартиби аз ҷониби намояндагии минтақавии «Daimler AG» тасдиқшуда соҳиби тахассус гашатаанд. Ин аст, ки дар ширкат 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷои ко р таъмин гардиданд.
Ифтитоҳи Маркази «Mersedes –Benz» дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки алҳол 25 фоизи бозори мошинҳоро дар Тоҷикистон мошинҳои тамғаи ин ширкати маъруфи олмонӣ ташкил медиҳад. Бо ифтитоҳи Маркази мазкур доираи истифодаи мошинҳои дорои сифат ва талаботи баланд ҳам дар байни шаҳрвандони мамлакат ва ҳам намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ тавсеа меёбад.
Марзия САИЗОДА,
АМИТ «Ховар»












Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад






