Дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбии сокинон аз бемории COVID-19 як андоза кам шудааст

Август 4, 2020 16:35

ДУШАНБЕ, 04.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои охир дар мамлакат ҳолатҳои сироятёбии сокинон аз бемории  COVID-19 то андозае поён рафта, муроҷиати шаҳрвандон низ ба муассисаҳои тиббӣ  бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус кам гардидааст.  Ин нукта имрӯз  зимни ҷаласаи навбатии Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони коронавируси нави COVID-19 зикр гардид.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа гуфта шуд, ки ҳарчанд дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои  сироятёбӣ аз  COVID-19  кам шудааст, чораҳои пешгирикунанда ва табобати ин беморӣ бояд боз ҳам пурзӯр карда шаванд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки ҳадаф ва мақсад аз баргузории ҷаласаи навбатии ситоди вазорат пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, дарёфт, ташхис ва муолиҷаи беморони коронавируси нави COVID-19 ва пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ, назорати бемороне, ки дар хона табобат мегиранд, мебошад.

Дар охири ҷаласа Вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  таваҷҷуҳи сардорони раёсатҳои тандурустӣ ва роҳбарони муассисаҳои тандурустиро ба масъалаи назорати беморон ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунанда ва дигар масъалаҳо ҷалб намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Август 4, 2020 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид