Дар Тоҷикобод машварати августӣ барои ноҳияҳои тобеи марказ ва Бадахшон доир шуд

Август 18, 2020 09:16

ДУШАНБЕ, 18.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Тоҷикобод машварати августии кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбии ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Бадахшон  доир гардид, ки дар он роҳбарони литсейҳои касбии техникӣ ва кормандони муҳандисию омӯзгорӣ иштирок намуданд.

Машварат таҳти раёсати масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва  шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, дар кори он  доир ба ҳадаф ва ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти касбомӯзӣ маърӯзаҳо шунида шуданд.

Ҳамзамон, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти  касбомӯзии ҷавонон ва такмили сифати таҳсилот дар муасиссаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ иброз дошта буданд, мулоҳизаҳои судманд баён гардиданд. Зикр гардид, ки ба талаботи бозори меҳнат ва меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ сохтани сифати касбомӯзӣ талаботи замони имрӯза ба ҳисоб рафта, аз масъулини соҳа вазифаю масъулияти баланд тақозо менамояд.

Барои иштирокчиён дар синфхонаҳои бинои таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод аз рӯи бахшҳои директорон, муовинони таълими истеҳсолӣ, таълим ва тарбия машғулияти назариявӣ доир карда шуд. Зимни машварат доир ба татбиқи нақшаву барномаҳои таълимӣ ва роҳу усулҳои беҳтар намудани сифати таълим суҳбатҳо доир гардид.

Бо дастгирии сиёсати созандаи Пешвои миллат имрӯзҳо иншооти соҳа таҷдид гардида, барномаҳои мукаммали таълимӣ таҳия мегарданд. Дар ин радиф бо сифати баланд таъмиру таҷдид гардидани бинои таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод ва фаро гирифтани духтарони маҳаллӣ бо касбҳои фермер-соҳибкор дар доираи ҳамкории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд нишони дастовардҳои соҳа мебошад.

Машварати августии кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбии ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Бадахшон  дар ноҳияи Тоҷикобод барои татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти касбомӯзӣ ва тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ мусоидат намуд.

Август 18, 2020 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд