Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 03.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. 3 август дар шаҳри Душанбе директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ бо Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар мулоқот намуд.
Дар оғози мулоқот С. Сиддиқ дар бораи рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон, моҳияти сиёсати «дарҳои боз»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши ВАО дар таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ ибрози андеша намуд. Дар ин замина, зикр шуд, ки имкониятҳои АМИТ «Ховар» ба сифати мақоми марказии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инъикоси ҳодисаву рӯйдодҳои марбут ба Тоҷикистон ва Покистон, муаррифии имкониятҳои мавҷуда дар таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ-фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ғайра тавассути сомонаи расмӣ ва Радиои «ҒМ Ховар»-и Агентӣ метавонанд боз ҳам бештар ва самараноктар истифода бурда шаванд.
Зикр шуд, ки тақвият бахшидан ба робитаҳои дуҷониба дар соҳаи иттилоот ба муносиботи рӯ ба рушди ду кишвар дар арсаҳои мухталиф мусоидат хоҳад кард.
Дар навбати худ Сафири ҶИП дар ҶТ Имрон Ҳайдар омодагии ҷониби Сафорат ва дар маҷмӯъ кишварашро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории фаъол дар самти иттилоърасонӣ ва роҳандозии муаррифии бештари Покистону Тоҷикистон миёни аҳолии ду кишвар изҳор дошт. Ӯ зикр кард, ки ҷониби Покистон барои рушди ҳамкории дуҷониба, пеш аз ҳама ҷиҳати муаррифии зарфиятҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, мусиқӣ, сайёҳӣ, ҳунарҳои дастӣ ва амсоли инҳо омода буда, баҳри ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас Сафорат дар Душанбе талоши худро ба таври васеъ ба роҳ мондааст.
Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо ҳамчунин оид ба густариши равобити неку дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон изҳори назар карда, боло бурдани ҳаҷми гардиши мол миёни ду давлат, самаранок истифода кардан аз имкониятҳои якдигар, бандарҳои обии Покистон, махсусан Гвадар ҷиҳати интиқоли молу маҳсулот ва оғоз кардани парвозҳои мустақимро байни Душанбе ва Исломобод ба мақсад мувофиқ донистанд.
Бо назардошти асли мақсад, дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориро дар соҳаи иттилоот фаъол карда, дар вақти барои Душанбе ва Исломобод мувофиқ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва хабаргузории марказии ҶИП «Associated Press of Pakistan» (APP)-ро, ки аз ҷониби ҳарду агентӣ таҳия ва такмил дода, онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 1 марти соли 2019 таҳти №78 маъқул донистааст, ба имзо расонанд.










Сафири Тоҷикистон бо муовини Директори генералии Вазорати федералии иқтисод ва энергетикаи Олмон мулоқот намуд
Дар Москва дар мавзуи саҳми Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб конфронси байналмилалии илмӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт таҳкими ҳамкориро дар арсаи рушд баррасӣ намуданд
Дар Душанбе таҳти унвони «Тоҷикистон ва 35 соли соҳибистиқлолӣ: таҷрибаи сулҳофарӣ, сиёсати бисёрсамта ва рушди устувор» конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе таҷрибаи 35-солаи сулҳофарӣ ва сиёсати бисёрсамтаи Тоҷикистон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Мудири омили Ширкати ҳавопаймоии «Jazeera Airways» мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон барои солҳои 2027–2028» ба имзо расид
Президенти Туркманистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Теҳрон табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Гурӯҳи хадамоти ҳавопаймоии «Скай» мулоқот намуд
Дар Душанбе аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ барои таъмини рушди устувор баррасӣ гардид






